Мо аҳли оила қарор додем, ки аз бонк қарз гирифта, электромобил харида, ҳамчун кироякаш дар ягон ширкат кор кунем. Мо ба дари чанд ширкат рафтем, вале ноумед мондем, зеро ҳуҷҷатҳои моро қабул намекарданд.
Баъд миёнадароҳо пайдо шуданд. Яке мегуфт он қадар пул диҳед, ман мошинатонро ба ин ё он ширкат медарорам. Маблағҳои калони аз даҳ ҳазор боло талаб мекарданд. Мо розӣ намешудем.
Ҳамин тавр чанд моҳ гузашт ва кори мо номуваффақ монд, вале қарз дар бонк мунтазам меафзуд.
Як дӯстамон гуфт, чӣ беҳуда пул медиҳед, ба ширкати “Эко такси” ва ё “Сафо такси” равед, аз шумо як дирам ҳам ришва намегиранд. Ин ҳарфҳо он қадар боварибахш набуданд. Мегуфтанд, ки онҳо ҳам пули панҷрақама талаб мекунанд.
Бо вуҷуди ин овозаҳо чун дигар илоҷ надоштем, маҷбур шудем ба ширкатҳои “Эко такси” ва “Сафо такси” рафтем.
Дӯстамон дуруст гуфта будааст. Аз мо танҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пурсиданд ва он маблағи мегирифтаашон, ки зиёда аз панҷ баробар камтар аз он ришваи даҳҳазора аст, як – як номбар карда, гуфтанд, ки ин пулро барои ин ва он пулро барои он кор мегирем ва ҳатто ба варақаи алоҳида навишта доданд.
Чизи дигаре, ки мо мушоҳида кардем, аксари кормандон чеҳраи кушод ва табассум доштанд. Агар чизеро намефаҳмидем, кадоме аз кормандонро илтимос мекардем, зуд мадад мерасониданд, ҳарчанд мо барин корафтодаҳо хеле бисёр буданд.
Ҷавонмарде ба толор даромад ва фурсате пас ӯ ба саволи кадоме ҷавоб медод ва ё ба ҷойи кормандаш кор мекард. Ӯ хоксор буд. Яке гуфт, ин кас раиси ширкати мо Атаев Баҳодур ҳастанд.
Дар ҳақиқат, раиси ширкат Баҳодур Атаев марди хоксору заминӣ будааст. Кормандони ширкат мисли роҳбарашон самимӣ ва хоксоранд. Боз як “дурӯғи ом” паҳн шудааст, ки ин ширкатҳо дар як моҳ 30 рӯз, новобаста аз он ки шумо беморед ё ҷашне дореду ба кор намебароед, шумо бояд дар рӯзи дар кор набуданатон ҳам пардохт мекунед.
Дар асл ин хел набудааст. Агар мариз шудед ва ё ҷашне доред, марҳамат ба идораи ширкат ба шахсони масъул муроҷиат кунед, ҳамон рӯз шумо аз пардохт озодед, лекин мошин дар он рӯз набояд кор кунад, чунки баъзе беинсофҳо ҳамин ман касал гуфта, ба фоидаи худ кор мекунанд.
Аз назари мо пардохти ҳаррӯза як ҷиҳати мусбат дорад, ки кироякаш маҷбур аст кор кунад. Масалан, ҳамсояи ман дар дигар ширкате, ки мувофиқи шартнома бо он кор кунед, пул мегиред, накунед – не, фаъолият дорад, дар як ҳафта ду ё се рӯз кор мекунад, боқӣ дар хона аст.
Боз як ҷиҳати хеле муҳим дар он аст, ки ин ширкат танҳо мошинҳои навтарро ба кор мегиранд, яъне, садамаву вайроншавиҳо камтар мешаванд. Боз ҷиҳати хуб он аст, ки ин мошинҳо ҳавои шаҳрро ифлос намекунанд.
Сипос ба ширкати “Эко такси” ва “Сафо такси”, ки дар хидмати мардуманд ва садҳову ҳазорҳо мардумро бо кор таъмин мекунанд.
Н. Холиқзода, сокини ш. Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube