Рубрики Pressa

Исфандиёри Саъдулло: Таҷдиди инфрасохтор ва густариши 5G — ҳадафи стратегии мо


Дар ҳошияи оғози расмии Ширкати Nokia дар Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур бо сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло мусоҳибаи кӯтоҳе анҷом дод. Дар ин мусоҳиба масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа, воридшавии 5G ва дурнамои рақамикунонии кишвар матраҳ гардиданд.

– Ҷаноби Исфандиёри Саъдулло, нақши Хадамоти алоқа дар созишнома миёни ширкати Nokia ва гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» чӣ гуна аст?

– Хадамоти алоқа тамоми ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти техникӣ ва хизматрасониҳои алоқаро дар қаламрави кишвар дастгирӣ мекунад. То имрӯз дар бозори алоқаи Тоҷикистон ширкатҳои ZTE ва Huawei, ки истеҳсолкунандагони Чин ҳастанд, фаъолият доштанд. Акнун, бо ташаббуси гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон», ширкати Nokia, ки яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар ин соҳа ба шумор меравад, ба бозори мо ворид мегардад. Мо умедворем, ки дар оянда ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ якҷоя шабакаҳои нав ва стандарти баланди хизматрасониро дар сатҳи миллӣ роҳандозӣ мекунанд.

– Бартарии Nokia дар муқоиса бо ширкатҳои дигар, аз ҷумла ZTE ва Huawei дар чист?

– Гарчанде ин ширкатҳо аз кишварҳои гуногунанд – Nokia аз Аврупо ва ZTE ва Huawei аз Чин, онҳо бо як стандарт ва муқаррароти байналмилалӣ фаъолият доранд. Аммо ворид шудани Nokia ба бозори Тоҷикистон ба фазои рақобат таъсири мусбат мерасонад. Ҳамкории мо бо чунин ширкатҳои ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки сифати хизматрасониҳо беҳтар ва дастрасӣ ба технологияҳои нав таъмин гардад.

– Нахустин иқдоми Nokia дар Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?

– Нахустин иқдоми ширкат марбут ба рушди шабакаи 5G мебошад. Онҳо аллакай дар ҳамкорӣ бо “Вавилон-Мобайл” татбиқи шабакаи 5G-ро оғоз кардаанд. Ин технологияи навин метавонад асоси рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои босифати мобилӣ гардад.

Шумо сифати алоқа, бахусус интернетро дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё интизори беҳбуди назаррас ҳастед?

– Бале, мардум интизори беҳбуди қобили мулоҳиза ҳастанд ва мо низ барои ин талош дорем. Беҳтар шудани сифати алоқа пеш аз ҳама ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ бастагӣ дорад. Мо бо онҳо ҳамкории зич дорем ва санадҳои меъёрии заруриро барои ба танзим даровардани соҳа қабул кардаем.

Бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагон, сарбории техникӣ низ афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, имсол мо тавонистем 2100 адад истгоҳҳои базавии 4G ва 5G-ро ба нақша гирем ва татбиқаш то охири сол идома меёбад.

Ҳамзамон, мо хатҳои магистралиро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, барои таҷдиди онҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд музокирот оғоз кардем. Зеро бе хатҳои магистралӣ, ҳатто бо 4G ва 5G, суръати интернет қонеъкунанда нахоҳад буд. Ин мушкилот аз норасоии сарчашмаҳо далолат медиҳад, на аз сатҳи технология.

Пас, кадом тадбирҳо барои ҳалли ин масъалаҳо амалӣ мешаванд?

– Пеш аз ҳама, мо ширкатҳои мобилиро вазифадор кардем, ки суръати насби шабакаҳоро зиёд кунанд. Аз тарафи дигар, ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тақвият дода шуд, то барои насби истгоҳҳои базавӣ шароити мувофиқ муҳайё гардад.

Муҳимтар аз ҳама, Тоҷиктелеком бо шабакаи зеризаминии байналмилалӣ пайваст шуд. Мо тавассути хати зериуқёнусӣ ба Қарочӣ ва баъдан ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст шудем. Дар натиҷа, воридоти интернет ба Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфт, ки ин иқдом таъсири мусбат ба сифати интернет ва арзиши он хоҳад гузошт.

Ташаккур барои маълумоти муфассал ва суҳбати ошкоро. Сухани ниҳоии шумо?

– Соҳаи алоқа яке аз заминаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва давлатдории рақамӣ аст. Мо, ҳамчун ниҳоди давлатӣ, тамоми иқдомҳоро роҳандозӣ мекунем, то фазои рақобатпазир, шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва беҳбуди сифати хизматрасониҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар таъмин шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *