Собиқ фармондеҳи сербҳои Босня Ратко Младич, маъруф бо лақаби “Қассоби серб”, бо ҳукми додгоҳи байналмилалии Гаага ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Бино ба иттиллоъи хабаргузории “Дойче Велле”- и Олмон, ин ҳукм имрӯз ҷаҳоршанбе 22 –юми ноябр содир шудааст.
Се қозии додгоҳ, аз 11 банди иттиҳоме, ки Младич бо онҳо айбдор шуда буд, 10 тоашро таъйид кардаанд.
Вай муттаҳам ба ҷиноят алайҳи башарият шуда, аз ҷумла бо ин айбдор аст, ки дар ҷараёни ҷанги сесолаи Босня, фармони куштори беш аз 8 ҳазор мард ва кӯдаки мусалмони боснягиро додааст.
Ратко Младич феълан 75 сол дошта дар ҷараёни ҷанги Босня фармондеҳии сербҳои Босняро ба ӯҳда дошт. Вай ҳамчунин бо лақаби “қотили Балкан” машҳур аст.
Дар ин ҷанг, ки аз соли 1992 то 1995 идома дошт, беш аз сад ҳазор нафар кушта шудаанд.