Давоми соли равон, дар вилояти Хатлон беш аз 120 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Мутаассифона, 78 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар чор моҳи соли 2025 дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон, 128 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Бо ин сабаб 146 нафар маҷруҳ гардида, 78 нафари дигар ҷони хешро аз даст додаанд.
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо суръати баланд ҳаракан кардан, истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаҳои нақлиёт ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебоҳад.
Ба хотири коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ, дар вилояти Хатлон амалиёти махсуси шартии «Суръат» гузаронида шуд, ки 3 ҳазору 437 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуд ва аз ин 720 ҳолат ҳаракат бо суъати баланд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube