Имрӯз, 29 май дар шаҳри Душанбе Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф 4 санади ҳамкорӣ имзо карданд. Санадҳои имзошуда бахшҳои энергетика, роҳи оҳан, меҳнат ва таъсиси маркази фанновариро дар бар мегиранд.
Бино ба иттили расмӣ, санаду ёддоштҳои зерин байни ду давлат имзо шудаанд:
– Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди раёсатҷумҳурии Эрон;
– Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишномаи хариди нерӯи барқ байни ширкати “Барқи тоҷик” ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва нерӯгоҳи “Сангтӯда Сангоб”;
-Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Муассисаи “Кор ва таъмини иҷтимоӣ”-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон;
-Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Роҳи оҳани Эрон.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадризо Ориф субҳи имрӯз, 29 май ба Тоҷикистон омад ва дар фурудгоҳи Душанбе ӯро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.
Ӯ дар ин сафар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат карда, ҳамчунин, бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз сарони ширкаткунанда дар конфронси мазкур дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube