Рубрики Хабарҳо

“Google ва Facebook одамонро маҷбур месозанд, ки бо шайтон сару кор гиранд”

Созмони дифои ҳуқуқи башар – Amnesty International – ҳисоботеро, ки аз  60 саҳифа иборат мебошад, пешниҳод карда гуфтааст, ки шабакаҳои иҷтимоии  Google ва Facebook ҳуқуқи истифодабарандагонро поймол мекунад.

Дар иттилоия гуфта шудааст, ки  шабакаҳои Google ва Facebook ба ҷомеа хатар доранд. Тарҳҳои тиҷории ин шабакаҳо, ки дар асоси назорат бунёд шудаанд, одамонро маҷбур месозанд, ки “бо шайтон сару кор гиранд”. Он корҳое, ки ба востаи ин шабакаҳо анҷом дода мешаванд ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд.

Ҳамчунин шарҳ дода мешавад, ки ин шабакаҳо ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ дахолат мекунанд ва он чики дар он ҷо сабт мешавад ҳатто фикри шахсии кас метавонад барои ояндаи шахсии ҳар як истифодабаранда таҳдидовар бошад.

Дар ҳисобот омадааст, ки Google ва Facebook ба истифодабарандагонашон “гуё дастрасии бепулро” таъмин мекунанд, аммо бар ивазаш аз одамон маълумоти шахсӣ (логин ва парол) талаб мекунад. Дар охири ҳисобот ба давлат ва ширкатҳои шахсӣ дастурҳо пешниҳод гардидаст. Гуфта шудааст, ки  давлат бояд аҳолиашро эҳтиром гузорад ширкатҳои шахсӣ бояд аз болои “дастҳои оҳанин” ва ё робортҳо назорат баранд.

 Google ва Facebook ҳарду ширкатҳои Амрикоӣ мебошанд ва барои ҷалби ҷомеа ва ҷамъоварии иттилоот дар дунё ва ё кишвари махсус равона шуданд.

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *