Дар замони имрӯза бо пеш рафтани тараққиёту истеҳсолот, соҳиби ин ва ё он чизе шудан ба мардум осонтар шудааст. Соҳибони коло барои ба савдо рафтани моли худ роҳҳои хариди онро ба мардум осонтар кардаанд.
Махсусан дар давлатҳои мутараққӣ барои хариди як хона ва ё ашёи гаронбаҳои дигар, якчанд роҳ пешкаш мекунанд ва харидор аз ҳама роҳи осонашро интихоб карда, соҳиби хона мегардад.
Аксарияти ин харидуфурӯшҳо агарчӣ номҳои гуногун дошта бошанд ҳам, дақиқтар назар кунем, бармегарданд ба хариду фурӯши тақситӣ. Хариду фурӯше, ки колоро фурӯшанда ба дасти харидор медиҳад, харидор бошад маблағи колоро қисм-қисм дар муддати майянкардашуда пардохт мекунад.
Оиди ҷоиз будани ин тиҷорат ва далелу қавлҳои уламо аллакай гуфта будем.
Албатта ёдовар мешавем, хариду фурӯшҳое, ки бо номи рассрочка ва лизинг дар Русия машҳур ҳастанд, хеле ба тиҷорати тақситӣ шабоҳат доранд ва ҳатто баъзан ба ин тиҷорат дохил мешаванд.
Ҳар тиҷорате, ки дар он маблағи колоро дертар пардохт карда мешавад, аммо худи коло дар аввали ақд ба дасти харидор дода мешавад, замонат мехоҳад.
Албатта, ҳар тоҷире, ки молашро ба дасти харидор медиҳад, сад дар сад намедонад, ки оё ин харидор маблағи ин колоро ба ӯ медиҳад ва ё ӯро фиреб мекунад.
Барои бартараф кардани ин шакку шубҳаҳо, барои кафолат додани пардохти маблағи коло дар шариат гарав ё ба истилоҳ “залог” вуҷуд дорад.
Залог гирифтан ва ё додан дар шариат ҷоиз аст ва албатта ҳадиси саҳеҳ дар китоби Бухорӣ аст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам пеш аз вафоти худ аз яҳудие таом мехаранд ва маблағи онро дертар медиҳам гӯён, ҷавшани худро ба дасти он яҳудӣ, ҳамчун гарав месупоранд.
НАМУДҲОИ ГАРАВ
Гараве, ки имрӯз ҳамчун замонат ба дасти фурӯшанда ва ё соҳиби коло дода мешавад, асосан се намуд дорад.
Гарав аз моликияти харидор.
Харидор вақте чизеро бо тақсит ё худ “рассрочка” ва ё “лизинг” мехарад, яке аз дороиҳои худро, ки албатта баробари қимати колои харидааш ва ё аз он ҳам гаронтар аст, ҳамчун гарав ба дасти фурӯшанда медиҳад. Дар ҳолати пардохт накардан ва ё дер кардани пардохт, фурӯшанда он гарави дар дасташ бударо мефурӯшад ва аз он маблағи колои фурӯхтаашро шикаста мегирад. Барои мисол шумо бо “рассрочка” барои хонаатон ашёҳои зарурӣ ба мисли яхдону телевизору инҳо мехаред, барои кафолати пардохт, мошини худро ба фурӯшанда гарав мегузоред. Агар рафту дар муддати ваъда кардаатон шумо маблағи ашёҳои харидаатонро пардохт карда натавонистед, фурӯшанда мошини шуморо мефурӯшад ва маблағи колои фурухтаашро аз он мегирад, бақияи маблағро ба шумо медиҳад. Албатта ин намуд гарав гирифтан дар шариат ҷоиз аст, ба шарти он, ки фурӯшанда аз гарави дар дасташ буда, танҳо маблағи колои фурӯхтаашро гирад.
Чизи дигаре, ки бояд зикр кунем, ҳар гараве, ки дар дасти фурӯшанда ва ё соҳиби ҳақ гузошта мешавад, фурӯшанда ҳақ надорад, онро истифода кунад. То замоне, ки харидор аҳдшиканӣ накард, фурӯшанда ба он гарав даст намерасонад. Гарави дар дасташ буда, ҳамчун замонати маблағи колои фурӯхтааш аст ва он замонат дар дасташ амонат мебошад. Ӯ ҳақ надорад онро истифода кунад
Гарави ҳуҷҷатӣ
Ин намуд замонат яке аз машҳуртарин муомилаҳои асри ҳозир мебошад. Шахси қарздор барои замонати пардохти маблағи дар гарданаш буда, яке аз дороиҳои худро ба номи фурӯшанда мегузаронад, аммо он гарави ҳуҷҷатӣ ба номи фурӯшанда гузашта, дар дасти худи қарздор боқӣ мемонад. Агар мабодо дар пардохти қарзаш кутоҳӣ кунад, фурӯшанда бо дар даст доштани ҳуҷҷати имзошуда, яке аз дороиҳои қарздорро аз они худ мекунад.
Аксарияти шахсоне, ки имрӯз бо “рассрочка” харид мекунанд, бо ин намуди гарав шартнома мебанданд.
Инчунин ногуфта намонад, ки дар бонкҳои исломӣ маҳз бо ҳамин тариқа қарз медиҳанд. Шахси қарзгиранда яке аз дороиҳои худро ҳуҷҷатан, ҳамчун гарав ба бонк медиҳад, дар сурати кӯтоҳӣ кардан дар вақти бозгардонидани қарз, бонк ҳақ дорад, гарави ҳуҷҷатан дар дасташ бударо фурӯхта, маблағи қарзи додаашро ситонад. Албатта маблағи аз гарав меситонида, тин ба тин баробари қарзи додаи бонк аст. Агар мабодо бонк зиёдтар маблағ ситонад, рибо мешавад ва албатта ҷоиз нест.
Дар мавриди гарави ҳуҷҷатӣ аксари уламои муосир иҷозат додаанд. Шумо метавонед аз ин намуди муомилот истифода кунед.
Чизи муҳиме, ки дар додану гирифтани гарав хусусан дар “”рассрочка”-и Русия муштарӣ дучори мушкилӣ мешавад, ин аст, ки аксари ширкатҳое, ки бо “рассрочка” коло мефурӯшанд, ҳангоми дер кардани харидор дар пардохти маблағ, гарави аз харидор гирифтаашонро комилан аз худ мекунанд. Агарчӣ нархи гарав аз нархи коло гаронтар бошад ҳам, тамоми гарав аз они онҳо мегардад.
Фурӯши гарав
Инҷо дар зеҳн савол ба миён омаданаш мумкин, ки оё дар Шариат ҷоиз аст, фурӯшанда ва ё қарздиҳанда дар вақти дер кардани пардохти маблағи коло, гарави дар даст доштаашро комилан аз худ кунад, дар ҳоле, ки нархи коло аз нархи гарави дар дасти фурӯшанда буда, гаронтар аст?
Ҳоло ба мо муяссар шуд, ки ба ин савол ҷавобро аз олими шинохтаи Арабистони Саудӣ ва соҳиби чанд китоб вобаста ба фиқҳи муосир ва муомилаҳои асри муосир шайх, дуктур, аллома Муҳаммад Ҳоили Мадлаҷӣ гирем.
Муҳаммад Ҳоили Мадлаҷӣ: На, ин ҷоиз нест. Дар мо ҳадиси “ла яғлақу раҳн лисоҳибиҳи” вуҷуд дорад. Ҳангоми дер кардани пардохт, фурӯшанда гаравро бо нархи бозор мефурӯшад, маблағи колои додаашро аз он мегирад ва бақияи маблағро ба соҳиби гарав бармегардонад.
Инчунин, чӣ гунае, ки маълум аст, дар харидуфурӯши тақситӣ харидор маблағро қисм-қисм пардохт мекунад. Шояд харидор қисме аз маблағи колоро пардохт карда бақияашро натавонад. Чӣ гуна метавон тамоми гаравро аз они худ кард, дар ҳоле, ки баъзе маблағи коло аллакай пардохт карда шудааст. Бешак дар ин фиребу найранг аст.
Банда мехоҳам ба ҳадисе, ки шайх Муҳаммад Ҳоили Мадлаҷӣ ишора карданд, каме равшанӣ андозам. Ҳадисе, ки шайх зикр карданд:
لا يغلق الرهن لصاحبه غنمه و عليه غرمه
Маънои ҳадис ин аст, ки шахси гаравгирифта набояд дар вақти дер кардани қарздор тамоми гаравро аз худ кунад, гарав аз они соҳибаш аст, қарздиҳанда бошад, танҳо маблағи қарзи додаашро аз он гарав мешиканад.
Азизон дар вақти доду гирифт метавонед гарав гиред ва ё гарав диҳед, инҳо ҷоизу ҳалол мебошанд фақат фаромӯш насозед, ки маблағе, ки аз гарав гирифта мешавад бояд баробари қарзи додаамон бошад, дар ғайри ин сурат ҷоиз нест.
Муслима Аҳмадӣ