11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Покистон дар Душанбе


29 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф баргузор гардид. Сарвазири Покистон барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаҳои муҳимми рӯз, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, амният ва иқтисодиётро баррасӣ намуданд.

Президенти мамлакат саҳми Покистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи обу иқлим, шоистаи таҳсин донистанд ва аз рушди бемайлони муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду миллат заминаи муҳим барои тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо мебошад. Дар робита ба вазъи мураккаби геополитикӣ ва таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, зарурати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои мудофиа ва амният зикр гардид.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Ҷонибҳо ба аҳамияти лоиҳаи CASA-1000 ҳамчун воситаи муҳими пайвасткунандаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъкид намуданд.

Президенти Тоҷикистон омодагии кишварро барои такмили пайвастагии минтақавӣ, аз ҷумла тавассути густариши роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ, инчунин беҳтар кардани дастрасӣ ба бандарҳои Покистон, изҳор доштанд.

Ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Шӯрои муштарак ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон муҳим арзёбӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *