Рубрики Pressa

Дар Душанбе Намоишгоҳи саноатии молҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт


Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Маркази намоишии “Dushanbe EXPO Centre” Намоишгоҳи саноатии молҳои  Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи асосии намоишгоҳ муаррифии имкониятҳо ва дастовардҳои соҳаи саноати кишвар, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллии рушд – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти зиёди ватанӣ аз соҳаҳои гуногун ба намоиш гузошта шудаанд. Аз ҷумла, гӯшаҳои бахшҳои мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияҳои иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ташкил шудаанд.

Дар майдони кушоди намоишгоҳ намунаҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, техникаи ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол ва ё бастабандӣ мешаванд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Бино ба иттилои масъулон, баргузории чунин намоишгоҳҳо заминаи мусоид барои боло бурдани нуфузи иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо истифодаи технологияҳои муосирро фароҳам меоранд.

Намоишгоҳро иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу миллӣ, муассисаҳои илмӣ ва молиявӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбута тамошо мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *