Рубрики Хабарҳо

Эҳсонкорон дар Исфара 100 адад либоси муҳофизатӣ ба беморхонаҳо доданд

Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулаҳатов, сокинони шаҳри Исфара, бо таъсиси гурӯҳи махсуси эҳсонкорон 100 адад либоси махсуси ҳимоявӣ ба маблағи умумии 45 ҳазор сомониро ба беморхонаҳои Исфара доданд

Аз ҷумла ба Беморхонаи марказӣ  60 адад ва беморхонаи минтақавии Ворух 40 адад либоси муҳофизатӣ тақдим гардид.”.

Манбаъ афзуд, ки аз оғози моҳи Рамазон то имрӯз дар миқёси шаҳри Исфара бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва Абдуҷалил Савриддинов ба зиёда аз 5 ҳазор нафар ниёзмандон ва муҳтоҷон дар шакли маҳсулоти ғизоӣ кӯмаки яквақтаи моддӣ расониданд. 

“Ҳамин гуна дастгирии моддию молиявиро дигар шахсони олиҳиммат, аз ҷумла Сорбон Савриддинов, Муҳаммадсафо Раҳимов, Абдуқаюм Фозилов, Фахриддин Қурбонов, Ҳафизхон Каримов ва дигарон низ анҷом дода истодаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Инчунин бо маблағе, ки сокинони шаҳри Истаравшан аз Русия ирсол кардаанд, барои кормандони соҳаи тандурустӣ 500 адад корҷомаи махсус ва 500 ниқоби тиббӣ харидорӣ шуд.

Дар баробари ин 180 халта орд ва 180 адад қуттии равған ба кормандони соҳаи тандурустӣ расонида шуд.

Зодагони Истаравшан, ки вилояти Красноярск фаъолият доранд, ба маблағи 1,5 миллион рубли русӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии шаҳр тақдим кардаанд.

Абдузамир Абдуғаффоров, соҳибкори муваффақи тоҷик дар Русия, ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон дар Истаравшан дар ҳаҷми 300 халта орд ва 1,5 ҳазор литр равған кумак кард. Абдуғаффоров инчунин ба 25 нафар ятимони кул орду равған ва кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар нафар додаст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *