Рубрики Хабарҳо

«Раҳмон бори аввал эҳсос кард, ки мардум аз ӯву хонаводааш безор аст» (Навор)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, ки шоми дирӯз таҳти унвони “Чаро худи Раҳмон ба ҷанги иттилоъотӣ пайваст?” баргузор шуд, назарашро дар бораи сабабҳои шахсан ворид шудани раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҷанги иттилоъотии алайҳи мухолифонаш баён кард. 

Раҳбари ПМТ гуфт ҷомеъаи шаҳрвандӣ, мухолифин ва хабарнигорону зиёиён ибораи “муборизаи иттилоъотӣ”- ро истифода мебаранд, аммо ҳукумат, аз ҷумла худи раисҷумҳур аланан онро “ҷанги иттилоъотӣ” меномад. “Инҳо ин ибораро беҳуда истифода намекунанд. Инҷо ғаразу мақсаде ҳаст. Чун ҷанг қоидаи худашро дорад. Дар ҷанг куштор, гаравгонгирӣ, мусодара, асиргирифтан ҳаст, дар ҷанг ҳеҷ гуна қонуну қоида нест, ахлоқ нест, фарҳанг вуҷуд надорад” — таъкид кард ӯ.

Сабаб ба гуфтаи раҳбари мухолифин дар он аст, ки вақте “онҳо вориди ҷанг мешаванд ягон қонуну қоидаро риоя намекунанд ва шумо ҳам мебинед, ки дар ин ҷанги иттилоъотӣ чӣ кор карда истодаанд. Меоянд, хешу табори мухолифин, аз он ҷумла хешу табори моро асир мегиранд ва онҳоро маҷбур мекунанд алайҳи наздикон ва ҳатто падарони худашон ҳарфи носазо зананд. Аз нигоҳи онҳо ин ҷанг аст ва мегӯянд чаро мо ба зану кӯдаку пиронсол раҳм кунем, вақте ки ҷанг аст. Ҳами инро зери номи ҷанг мепӯшонанд ва мардум ба хусус ҷавононро дар як рӯҳияи ҷангӣ ва нафрат омода мекунанд”. 

Кабирӣ таъкид кард бо фарқ аз мақомоти давлатӣ, мухолифин, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо ҳеҷ гоҳ аз фарзандони мансабдорон танқид намекунанд, чӣ расад ба носазо гуфтану таҳқир кардани онҳо. Ба истиснои баъзе фарзандону домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки мансабдор ҳастанд ва интиқод мешаванд.  

Сипас раҳбари мухолифин ба сабабҳои воридшавии Раҳмон ба ҷанги иттилоъотӣ пардохт ва гуфт, ки раисҷумҳур тамоми унвонҳои худро мисли “пешвои миллат”, “ассогузори сулҳу ваҳдат” ва ғайра канор гузошт ва чун як “боевик”-и замони ҷанги шаҳрвандӣ вориди ҷанги тозаэълонкардаи худаш шуд.

Сабаби аввали бо вуҷуди доштани ҳукумат, қудрат, пул ва дастгоҳи бузурги таблиғотии иборат аз чандин телевизиону садҳо расона ва фабрикаи чандҳазорузвдори ҷавоб ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги иттилоъотӣ аз нигоҳи Кабирӣ ин аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ сулҳ накарда буд. Ва аз шоир Мӯъмин Қаноат иқтибос овард, ки гуфта буд “ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам идома дорад”. 

Кабирӣ таъкид кард “шояд бипурсанд, ки чаро мо ба ӯ бовар кардему вориди сулҳ шудем ва фиреб хӯрдем? Мо розием, ки барои ин содалавҳӣ ҷазо гирем, вале бояд билохира тарафи ҷинояткор ҳам, ки ба сулҳ, ба ваҳдати миллӣ хиёнат кард, пурсида шавад”. 

“Сабаби дуввум метавонад ин бошад, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди 28 соли ҳукумат кардан ба кишвар ҳам ҳанӯз аз он фазои ҷангу “боевикӣ” дур нарафтааст. Ҳанӯз ҳам чорчӯби андеша ва тарзи тафаккураш ҳамон яке аз қумондонҳои “Фронти халқӣ” аст, ки ба гуфтаи дӯсташ Александр Лукашенко вориди Душанбе шуду одамони зиёдеро кушт” — гуфт раҳбари Паймони миллӣ.

Сабаби саввумро Муҳиддин Кабирӣ дар заъфи дохилии ҳукумат ва заъфи шахсии Эмомалӣ Раҳмон мебинад, ки “ин қадар асабонӣ ва бо нигаронӣ сӯҳбат мекунад”. 

Раҳбари ПМТ гуфт “ин заъф ва ҳам заъфи иқтисодӣ аст, ки дигар Раҳмонов аз ӯҳдаи ҳали мушкилоти иқтисодии кишвар набаромада истодааст… Ҳам заъфи сиёсӣ аст, ки Раҳмон эҳсос кард эътимоди мардумро аз даст дода истодааст. Ӯ шояд бори аввал эҳсос кард, ки мардум аз ӯву хонаводааш хаста шудааст”. 

“Сабаби чаҳорум ва аслӣ, — гуфт Муҳиддин Кабирӣ, —  он аст, ки бори аввал дар таърихи пас аз истиқлолият ва пас аз сулҳ як нерӯи сиёсӣ, ё як нафар бо сароҳат ва далел эълом кард, ки омода аст қудратро аз Эмомалӣ Раҳмон бигирад ва кишварро бамаротиб беҳтар аз ӯ идора кунад… Шумо шоҳид будед, ки мо — Паймони миллӣ сароҳатан эълон кардем, ки омодаем идораи кишварро ба дӯш гирем”. 

Раҳбари Паймони миллӣ дар охир ваъда кард, ки на танҳо кишварро беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон идора хоҳад кард, балки нишон хоҳад дод, ки ваҳдати миллӣ чӣ гуна бояд бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *