Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи густурдаи қирғизҳо ба сомонаҳои Тоҷикистон

Бознашр аз «Азия Плюс»

Чанд рӯзи ахир ҷанг байни Тоҷикистону Қирғизистон натанҳо дар сарҳад ҷараён дошт. Дар фазои иттилоотӣ низ набардҳои шадид сурат гирифта, ҳоло ҳам идома доранд. Аз оғози низоъ расонаҳои Тоҷикистон мавриди ҳамлаҳои DDoS қарор мегиранд. Аксари суроғаҳои IP-и онҳо аз Қирғизистон мебошанд.

Ин чӣ гуна сурат мегирад? Дар ҷараёни чунин ҳамлаҳо, ки сомона бояд “рахна шавад” (аз кор бароварда шавад), бо ёрии барномаҳои махсуси компютерӣ ба сомона аз иқтидори доштаи қабулаш шумораи зиёди дархостҳо фиристода мешавад, ки кори онро бозмедорад. Дар ин рӯзҳо бахусус, ба сомонаҳои “Азия-Плюс”, “Сугд-нюс” ва YourTJ ҳамлаҳои DDoS сурат гирифтанд.

“Ҳамла ба сомонаи мо Your.tj нимаи дуюми 18 сентябр сурат гирифт. Он замон ман умуман фикр надоштам, ки ҳамла аз ҷониби ҳамсояҳои мо аст. Лекин баъдан истинодҳо аз навиштаҳои фаъолон аз Қирғизистонро ба ман фиристоданд, ки дар онҳо даъвати муттаҳид шудан барои ҳамла ба сомонаҳои мо изҳор мешуд. Кори сомонаро мо баъди як рӯз бо насби cloudflare + ddos барқарор кардем. Пештар мо ба ин масъала аҳаммият намедодем, зеро асосан дар бораи одамон мавод нашр мекунем ва маъмулан ба чунин сомонаҳо хакерҳо он қадр таваҷҷуҳе надоранд. Лекин мо хато карда будем. Айни замон мушкилот ҳал шуда, вале масъалаи таъмини бехатарии сомона рӯзмарра боқӣ мемонад ва минбаъд рӯйи ин масъала кор хоҳем кард”, — мегӯяд сармуҳаррири Your.tj Зебо Тоҷибоева.


То замони таҳия шудани ин мавод ҷанги эълоннашуда алайҳи расонаҳои Тоҷикистон идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *