Дар ҷомеаи ҳамоҳанг ва одилона ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла маъюбон бояд ҳуқуқу имконияти баробаре барои истифодаи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили участкаҳои наздиҳавлигӣ дошта бошанд. Аммо, дар амалия бархе аз маъюбон бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла дастгирӣ накардани ҳуқуқи онҳо дар ин соҳа рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла худи ман.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд ва пайваста таъкид менамоянд, ки маъюбонро дастгирӣ кунед. Аммо афсӯси зиёд, ки дар деҳаи Қалъаи Баланди ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан имтиёзҳои маъюбон аз тарафи масъулини ҷамоат ва ноҳия он қадар хуб дастгирӣ намеёбад. Исботи ин ману додарам ҳастем, ки синнамон аз 35 гузаштаасту модарзодӣ маъюб ҳастем ва узви биноиямон суст аст. Мисли ман маъюбони гурӯҳи l-ум дар деҳа боз ҳасттанд, аммо муроҷиати маро касе нест, ки аз рӯйи қонун дастгирӣ кунаду ба дардам даво бахшад. Бо ташвишу муаммои зиндагӣ сарпеч аз ноадолатӣ бо як афсурдаҳолӣ дар ҳавлии падариямон умр ба сар мебарему 8 сол инҷониб шуруъ аз остонаи идораи замин то ҳукумати шаҳру ҷамоат сарсону саргардон баҳри участкаи наздиҳавлигӣ мебошем!
Ба гӯшам садое меомаду меояд: “Мо муроҷиати туро дида мебуроем, албатта ба нақша гирифтаем!”. Ҷайби маро бо пӯчоқ пур кардаанд. Ҷайбам аз дурӯғи масъулин пур шудааст, вале…
Аз ноадолатиҳои масъулони ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд солҳо бо сарсониҳо мани маъюб бо умеде аз ноумедиҳо бо чашми нобино шабу рӯз бо як ҳолати асабонӣ гаҳе аз дасти фарзандам ва гаҳе аз дасти ягон роҳгузар дошта аз ин идора ба вай идора овораву сарсон ҳастам, вале масъулин парвои ман надоранд.
Бо пухтагиву зиракӣ ба номи ман ҳамчун эҳтиёҷманд аз замини чӯли биёбони минтақаи Сексарӣ, ки аз деҳот 30 км дур аст ва на об дораду на шароит, қароре барои участкаи наздиҳавлигӣ баровардаанд, ки ман худ бехабар ҳастам.
Оё дастгирии қонун ва адолати иҷтимоӣ ҳамин аст, ки нобиноро масхара мекунанду зинда ба зинда гӯрам мекунанд? Суоле ба миён меояд, ки пас чаро ба шахсони дорову одамдор ва ҳам ба худашон аз деҳа участкаи наздиҳавлигӣ ёфт мешудаасту ба мани маъюб не? То ба кай ин ҳолат давом меёбад? То ба кай мани маъюб масхараву сарсон мешавам?
Бо умеди он ки ниҳодҳои дахлдор баҳри адолату ҳақиқат аз рӯйи қонунҳои амалкунанда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фаъолияти масъулини имрӯзаи ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан тафтишот бурда, пайи ҳалли муаммои ҷойдошта камари ҳиммат мебанданду ба доди мани оворагарди маъюб мерасанд, ин муроҷиатномаро навиштам…
Ҷаҳонгири МУРОДБЕК,
маъюби гурӯҳи I, сокини деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube