Зимни як ҳамлаи мусалаҳона аз тарафи гуруҳи номаълум 7 ҳавопаймо ва як анбори таҷҳизоти низомии Русия дар Сурия нобуд карда шуд.
Бино ба иттилои “Коммерсант.ru”, дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия як анбори аслиҳа, таҷҳизоти ҷангӣ ва 4- ҳавопаймои бомбаафкани Су-24 ду ҳавопаймои қиркунандаи Су-35С ва як ҳавопаймои боркаши Ан-72 аз байн бурда шуд.
Дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 10 тан хизматчиёни ҳарбӣ захмӣ гардидида, ду халабони рус кушта шудаанд. Ҳанӯз маълум нест захмиён афсарони рус ҳастанд ё кормандони маҳаллии пойгоҳ.
3-юми январи соли ҷорӣ Вазорати мудофиаи Русия аз суқути як чархболи МИ-24 дар фурӯдгоҳи Ҳама дар Сурия хабар дод. Масъулини ин вазорат сабаби суқути ин чархболро на ҳамла, балки сонеҳаи техникӣ номиданд.
Моҳи декабри соли 2017 раисумҳури Русия Владимир Путин зимни сафари ногаҳониаш ба Сурия бо президенти ин кишвар Башор Асад мулоқот кард ва дастур дод, ки нерӯҳои ҳарбии Русия хуруҷашонро аз ин кишвар оғоз кунанд.