Рубрики Pressa

Маҳфили эҷодии Фарзона ва Озарахш дар шаҳри Душанбе


Имрӯз, 30-юми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адабии “Ҳумоюн” бо иштироки ду чеҳраи барҷастаи адабиёти тоҷик – Фарзона ва Озарахш баргузор шуд.

Маҳфили “Ҳумоюн” имкони хубе буд барои ҳаводорони шеъру сухан, то аз наздик бо Шоирони халқии Тоҷикистон – Фарзона ва Озарахш аз наздик дидору суҳбат кунанд.

Бояд гуф, ки дар доираи ин чорабинии адабӣ, китобҳои тозанашри шоирони маҳбуби кишварамон Фарзона ва Озарахш – “Сетор” ва “Ба баҳонаи баҳорон”, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расидаанд, рӯнамоӣ шуданд.

Маҳфили “Ҳумоюн” бори дигар нишон дод, ки шеъру сухан то чӣ андоза қудратманд ва гирдиҳаморанда аст. Бо рӯнамоии китобҳои нав ва суханони илҳомбахши шоирони маҳбуби кишвар, ин чорабинӣ барои дӯстдорони адабиёт ҳамчун ёдгори ҷовидона хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *