Рубрики Pressa

Маърифати молиявӣ. Аз орзу то амал-тарбияи кӯдак бо андешаи молиявӣ


Тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин масъулият ва вазифаи волидон аст. Чӣ гуна метавон фарзандеро ба воя расонд, ки на танҳо босавод, балки шахси боандеша, соҳиби ҳунар ва дорои маърифати молиявӣ бошад? Дар зер 6 усули муассири тарбияи фарзанд ва баланд бардоштани саводи молиявии онҳо пешниҳоди шумо мегардад. Дар зиндагии воқеӣ инҳо натиҷаҳои хуб медиҳанд.

Муҳим будани таҳсилро нишон диҳед

Ҳаргиз нагузоред фарзандон ба ақидаҳои нодуруст бовар кунанд, масалан, “хондан шарт нест”, “одами хондагӣ чӣ шуд?” ва ғайра. Таълим заминаи асосии рушди шахсият ва ҷомеа аст. Фарзанд бояд фаҳмад, ки хондан нишонаи заҳмат ва ояндаи дурахшон аст. Волидон бояд бо амал нишон диҳанд, ки таҳсил муҳимтар аст.

Онҳоро ба чорабиниҳо баред

Фарзандонро гоҳ-гоҳ ба чорабиниҳо ва вохӯриҳо баред, то муошират бо шахсони таҷрибадор ва сатҳи баланди муносибатро бо чашми худ бубинанд. Ҳамин таҷриба назари онҳоро ба зиндагӣ тағйир медиҳад. Баъзан, як суҳбат ё як дидан метавонад таҷрибаи бузурге шавад.

Мушкилро худашон ҳал кунанд

Бовар кунед, ки фарзандон агар масъулиятеро ба зимма гиранд, роҳи ҳалли бисёр масъалаҳоро пайдо мекунанд. Ба ҷойи додани ҷавоби омода, ба онҳо вазифа диҳед ва бигӯед: “Фикр кун, чӣ тавр инро ҳал мекунӣ?”. Ин гуна тарбия фикрро фаъол мекунад ва ба онҳо дар зиндагӣ кумак мерасонад, ки мустақил бошанд.

Орзуҳоро ба нақша табдил диҳанд

Аз фарзандон хоҳиш кунед, ки орзуҳои худро нависанд ва роҳи расидан ба онҳоро ҳисоб кунанд. Ин равиш фикрронии эҷодӣ ва амалиро ташаккул медиҳад. Ҳар як орзу метавонад ба ҳадаф табдил ёбад, агар нақша ва ҳисобу китоб дошта бошад.

Муошират ва ҳамкориро омӯзонед

Дар зиндагӣ ҳама чиз тавассути одамон анҷом меёбад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “шунидан кай бувад, монанди дидан?”. Касе танҳо зиндагӣ карда наметавонад. Фарзанд бояд омӯзад, ки чӣ гуна дар ҷомеа бошад, чӣ гуна бо мардум муносибат кунад ва дар гурӯҳ фаъол бошад. Ин дар зиндагии фарзанд аз хурдсолӣ хеле муҳим аст.

Маърифати молиявиро аз хурдӣ омӯзонед

Фаҳмидани пули ҳалол, роҳҳои дурусти даромад ва сарф – ин ҳама бояд аз кӯдакӣ омӯзонида шавад. Агар фарзанд маърифати молиявӣ надошта бошад, метавонад тамоми заҳмату дороии оилавиро барбод диҳад. Ҳадаф ин нест, ки фарзандон танбал бошанду тайёрхӯр, балки соҳибфикру соҳибкор шаванд.

Ниҳоят, тарбияи дурусти фарзанд танҳо бо таълим додан маҳдуд намешавад. Он талаб мекунад, ки фарзанд дар таҷриба иштирок кунад, масъулият гирад, орзу кунад, муошират кунад ва маърифати молиявӣ дошта бошад. Агар ин 6 усулро ба таври доимӣ ба кор гирем, фарзандоне тарбия хоҳем кард, ки на танҳо ифтихори оила, балки фоидаи ҷомеа хоҳанд буд.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *