Хонандагони чанд мактаби шаҳри Душанбе бинобар латукӯби бераҳмонаи як хонандаи синфи 8-и пойтахт боздошт шудаанд. Ду рӯз қабл навори ин латукӯб дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе аз боздошти ин хонандагон хабар дода, гуфтааст латукӯб “бо маслиҳати пешакӣ” сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол аз хонандагон боздоштшуда ном бурда нашуда иттилоъ дода мешавад, ки онҳо хонандагони мактабҳои №77, №78 ва №57 будаанд. Ҷабрдида як хонандаи синфи 8-и мактаби №5 гуфта мешавад. Худи ҳамлагарон ҷараёни латукӯбро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.
“Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, — омадааст дар иттилоия.
Дар бораи сабабу омили латукӯб чизе гуфта нашудааст.
Ду рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон, ки зоҳиран хонандагони мактаб би бераҳмонаи як наврас аз ҷониби чанд навраси дигар нашр гардид ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард. Корбарон аз мақомот талаб карданд, ки ҷинояткорон боздошт ва ҷазо дода шаванд.