Мақомоти Тоҷикистон калимаи “террористи”-ро аз номи Толибон бардошт, даъвои қаблияшро тағйир дода ва мегӯяд Толибон хатаре барои Тоҷикистон надорад, аммо бузургтарин ҳамоиши низомӣ бо ҳузури 230 ҳазор нафар баргузор мекунад ва раисҷумҳур ҳам ишора ба хатароти ношӣ аз Афғонистон дорад. Ҳоло “миёнаи тиллоӣ” аз ин ду даъво кадом аст ва режими Раҳмон ба дунболи чист?
Соати чори субҳи панҷшанбе 22 июл бори аввал дар таърихи Тоҷикистон баъди Истиқлол, 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳу кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Эълон гардид, ки ҳадаф аз ин маърака санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо мебошад.
Тибқи иттилоъи дафтари матуботии раисҷумҳур, дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуд, се соат идома карда, соати ҳафти субҳ ҷамъбаст гардид. Аммо чаро Тоҷикистон маҳз дар ҳамин давра бо чунин бузургӣ маъракаи низомӣ доир кард? Аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ, ки баъди ҷамъбасти ҳамоиши низомӣ садо дод, посухи ин суолро метавон гирифт: Тоҷикистон ба хатароти ношӣ аз Афғонистон омодагӣ мегирад.
Аммо қабл аз зикри хатар аз ҳамсоякишвар, раисҷумҳури Тоҷикистон бар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид кард. ба ин қисмати суханронии ӯ ва самтҳои таъкидкардааш мо поинтар бармегардем.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, “алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст”. Ва бо таъкид ба вазъи ноороми минтақа қайд кард “мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем”.
Ӯ ба Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар супориш дод барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.
Раисҷумҳур изҳори боварӣ кард “марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо сарбаландӣ мебароянд”.
Аз нуктаҳои таъкидкардаи раисҷумҳур дар ин суханрониаш мешавад хулосагирӣ кард, ки ӯ эҳтмиоли шикаста шудани сарҳадҳо аз ҷониби Толибонро баъид намедонад.
Аммо як ҳафта қабл аз баргузории ин ҳамоиш, замоне ки омодагиҳо ба он идома дошт, тамоми сойту расонаҳои давлатӣ “мақолае”-ро бо имзои Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии АМИТ бознашр карданд, ки таъкид мекард Толибон камтарин хатаре ба Тоҷикистон надоранд ва ягона ҳаракате, ки хатарш бидуни баҳс аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Муаллиф менависад “Ҳаракати Толибон, ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруф қарор додаанд, барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо неруҳои дигари тундгару радикалӣ, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ хатарнок нест. Ба ин мазмун, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад, имрӯз мушкилоти марзӣ, интизомӣ ва амниятӣ ба кишвари мо таҳдид намекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳаракати Толибон мо ҳеҷ гуна таҳдиду хатареро эҳсос намекунем. Дигар ин ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили давлату миллати мо нест ва Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба масоили баҳсии худро расидагӣ хоҳад кард”.
Ва таъкид бар ин мекунад, ки бо вуҷуди набудани ҳеҷ хатаре “баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд”.
Ҳоло дар изҳороту сухангӯиҳо мавқеъи Тоҷикистони расмӣ нисбати Толибон 180 дараҷа тағйир кардааст. Қаблан режими Раҳмон на танҳо мардуми кишвари худаш, балки тамоми ҷаҳонро аз Толибон метарсонд. 20 соли ахир мавзӯъи Толибон бузургтарин тиҷорати Эмомалӣ Раҳмон буд — ӯ ҳам мардуми кишварашро аз Толибон тарс медоду тафси норозигиҳо аз сиёсаташро контрол мекард ва ҳам ҷомеъаи ҷаҳониро мутақоид месохт, ки агар ӯ набошад Толибон ё ҳадди ақал ақидаҳои ҷангҷӯёнаи онҳо кулли Осиёи Миёнаро фаро мегирад. Ва бо ин баҳонаву даъво миллиардҳо доллар кӯмак дарёфт мекард. Бояд эътироф кард муваффақ ҳам буд — бо назардошти ҳамсоягиаш бо Афғонистон ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бахусус Ғарб аз бештари ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чашм мепӯшид.
Тағйирот дар “дидгоҳҳо”-и режим воқеъан босуръат ва кардиналӣ аст — чанд моҳ қабл ҲНИТ-ро дар ҳамкорӣ бо Толибон муттаҳам мекарду яке аз сабабҳои “террористӣ” хондани онро маҳз ҳамин ҷиҳат медонист, ҳоло бошад мегӯяд Толибон камтарин хатаре ба Тоҷикистон надорад ва ин ҲНИТ аст, ки бамаротиб террористтару хатарноктар аз Толибон мебошад. Ҳатто замоне, ки Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон қонунӣ буд, мақомот мекӯшиданд баҳонае барои пайванд додани он бо Толибонро пайдо кунанд. Аз ин кӯшишҳои мақомот раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ дар охирин суханронии онлайниаш дар душанбеи гузашта, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шуда буд, ёдоварӣ кард. Ӯ гуфт 8 сол қабл дар конфронсе бахшида ба вазъи Афғонистон таъкид карда буд, ки Толибон хеле прагматиктар шудаанд, ба як воқеъияти Афғонистон табдил гаштаанд ва дигар намешавад онҳоро нодида гирифт. Аммо мақомоти Тоҷикистон дарҳол кампинеро роҳандозӣ карданд, ки “раиси ҲНИТ аз Толибон пуштибонӣ мекунад, пас тарафдори онҳост ва бо онҳо робита дорад”.
Ҳарчанд мавқеъи расмӣ дар ҳарфҳо ҳамин алъон тағйир кардаанд, худи амалкард дар қиболи Толибон аз солҳо қабл иваз шуда буд. Муҳиддин Кабирӣ дар баромади фавқуззикраш мегӯяд ҳанӯз як сол қабл маълумоте ба даст оварда буд, ки Толибон дар Душанбе намояндагӣ доранд.
Ҳанӯз се сол қабл Инҷинир Камол вакили Луи Ҷирга (парлумони Афғонистон) аз вилояти Қундуз гуфта буд Толибон равобити густардае бо Тоҷикистон доранд ва маҷрӯҳонашон дар Тоҷикистон табобат мешаванд. Ӯ таъкид карда буд ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо Толибон сир нест ва мардуми манотиқи таҳти нуфузи Толибон, аз ҷумла Дашти Арчӣ аз ин равобит хабар доранд. “Ҳоло қутбҳо тағйир карда. Ва Толибон ҳам дар ҳамсоя ва дар минтақа ва ҳам дар ҷомеъаи байналмиллалӣ рафиқони худро доранд” — гуфта буд ин вакил.
Охири соли 2015 нашрияи маъруфи аз вохӯрии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо раҳбари Толибон Ахтар Мансур дар Тоҷикистон хабар дода буд.
Қаблан фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва НАТО дар Афғонистон ҷенерол Ҷон Николсон дар гуфта буд, ки Русия Толибонро тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мусаллаҳ месозад
Тибқи маълумоти Николсон силоҳ ба Толибон замони тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон тақдим мешаванд. “Мо медонем, ки русҳо чӣ хел кор мекунанд: онҳо ба тамрингоҳ силоҳи зиёдеро интиқол медиҳанд ва қисмате аз онро ҳамонҷо (дар тамрингоҳ) мегузоранд” — шарҳ дод ҷенерол.
Тибқи гуфтаи ӯ Толибон дар бораи дастгирии молиявӣ аз тарафи душманон қисса кардаанд: “пешвоёни афғон мустақиман ба ҳамин штаб яроқро оварда ба мо медоданд ва мегуфтанд, ки “инро русҳо ба Толибон фиристоданд”. Мо медонем, ки Русия даст дорад”.
Гуфтанист, аз 5 то 10 август тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон баргузор хоҳад шуд, ки гуфта мешавад бузургтарин дар ду даҳсолаи ахир аст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари мухолифини тоҷик мегӯяд Толибон хатари мустақим ба Тоҷикистон надоранд. Ӯ дар ҳамин гуфтугӯи охиринаш бо мардум гуфт “дар умум аз Афғонистон хатари ҷиддие ба Тоҷикистон ё ОМ таҳдид намекунад” ва таъкид кард “Тоҷикистон узви чанд созмони минтақавӣ мисли ОДКБ, ШОС, САҲА мебошад ва кӯмаки кофӣ дар сурати лозим хоҳад расид”.
Ҳамчунин ӯ таъкид кард кишварҳое мисли Русия, Чин, ИМА ва Туркияву Ирон ҳам ба Толибон иҷоза нахоҳанд дод марзҳоро убур кунанд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт “кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия хатари Афғонистонро муболиға мекунанд ва барои мушкилоти дохилӣ — саркӯби мухолифин, тарсондани мардум, дур кардани диққати онҳо аз мушкилоти рузмарра ва ғайра истифода менмоянд.
Ӯ баромади охирини “хоҷаи хориҷии Эмомалӣ Раҳмон” сарҳанги рус Владимир Квачковро, ки раисҷумҳури Тоҷикистонро 30 сол қабл ба қудрат расонда буд, мисол овард, ки гуфта “хатар асосаие, ки ба Тоҷикистон таҳдид мекунад фасоди идории Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз Толибон дида хатари Раҳмонов ба Русияву минтака бештар аст. Агар мехохем пеши роҳи тундгароиро гирем, бояд аз диктотурҳое мисли Раҳмонов халос шавем” ва таъкид кард ҳарчанд Квачковро ҷинояткор медонад, ба ин назари ӯ комилан мувофиқ аст.
Аммо чаро мақомоти Тоҷикистон, бо вуҷуди ин ки дар расонаҳо таъкид мекунанд Толибон хатаре барои Тоҷикистон надоранд, чунин размоишҳои бузург доир менамоянд?
Ба андешаи коршиносон режим мехоҳад бо як тир ду нишон занад:
- Бо нашри ин гуна мақолаҳо, ки камтар касе дар Тоҷикистон онҳоро мехонад (пурхонандатарин расонаи давлатӣ аз 100 нафар бештар хонанда надорад) ба Толибон паём диҳад, ки мавқеъаш нисбати онҳо комилан тағйир кардааст ва онҳоро дӯсту ҳамсояи худ медонад;
- Бо ташкили ҳамоиши бузурги низомӣ ва ҷалби 230 ҳазор нафар ба он тарс аз Толибонро дар дили мардум бештар намояд ва бо ин роҳ аз назари онҳоро аз мушкилоти дохилӣ канор барад. Ҳаводиси Қирғизистон нишон дод, ки дар сурати сар задани низоъи марзӣ мардум муттаҳид мешавад ва мушкилоти дохилиро барои муддате фаромӯш месозад. Режими Раҳмон хеле аблаҳ мебуд, агар аз ин фурсате, ки Толибон барояш фароҳам кардааст, истифода накунад.