11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Абдулло Субҳон: Дафтарҳои шеърам сӯхтанд, вале оташи қалбам не…


Абдулло Субҳон – шоир ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар Ӯзбекистон 70-сола шуд. Номбурда солҳост, ки дар баробари фаъолият дар рӯзномаи “Овози тоҷик” шеър мегӯяд. Ашъораш дар маҷмӯаҳои “Мушки субҳ” (1988), “Нидои сарбадор” (1992), “Уфуқи пиндор” (2000), “Гарди анҷум” (2007), “Марзи хуршед” (2015) ва ғайра ба дасти хонандагон расидааст. Ашъораш дар Тоҷикистону Эрон низ борҳо чоп шудааст. Абдулло Субҳон узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2010) ва дорандаи медали «Шуҳрат»-и Ӯзбекистон (2015) аст.

– Нахуст шуморо бо ҷашни 70-солагии мавлудатон табрик мегӯям. Дар оғоз мехоҳам дар бораи даврони кӯдакиву наврасии хеш бигӯед. Дар чӣ муҳите ба воя расидед?

– Сипос барои таваҷҷуҳатон. Гӯё дирӯз 7 сол доштам, то мижа ба ҳам задам, ба он як сифр зам шудааст. Имрӯз бачагӣ аз кӯчаҳои пурхоки ёд гоҳе хира-хира рӯ менамояд. Дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё дида ба дунё кушудаам.

Падарону бобоён ва модарону бибиён вақте аз зодрӯзи наздиконашон сухан ба миён меоварданд, мегуфтанд: “Фалонӣ, чор мучал қабл, вақти гули зардолу ба дунё омада буд, ё хоҳарам, ду мучал қабл, вақте таваллуд шудааст, ки баргҳои дарахтон мерехтанд…”. Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳо инҷониб дар як машқам ёд аз фасли милод кардаам:

Зодрӯзам як шаби фасли баҳорон будааст,

Вақти эҳёи табиат, баъди борон будааст.

Лаҳзае, ки аз нафасҳои насими рӯҳбахш,

Муғҷабандӣ дар хаёли шохсорон будааст.

Айни вақти вошуданҳои гули бодоми кӯҳ,

Соати хамёзаҳои обшорон будааст…

Зодгоҳу зодбуми бобоиям – деҳаи Синтаби риштакӯҳҳои Нурато. Рӯзгоре як қисми нуратоиёнро барои ба замини корам табдил додани дашту биёбонҳои вилоёти Дизаху Сирдарё иҷборӣ кӯчонида будаанд.

Модарам маро дар яке аз бошишгоҳи саҳроӣ таваллуд карда будааст. Кӯҳистониён ба шароити дашт дер унс гирифтаанд. Падарону модарон ба мо, соатҳои фориғ аз кору бори зиндагӣ, аз кӯҳу дара, рӯду чашма ва гиёҳҳои шифобахши деҳаи кӯҳии хеш зиёд ҳарф мезаданд. Дертар он муҳаббату дилбастагиҳо ба машқҳои инҷониб кӯчиданд:

Синтаб, Синтаб, ҷаҳони зебо Синтаб,

Як деҳаи тоҷикони дунё Синтаб.

Дар рӯйи харита гарчи з-он нест нишон,

Дар синаи ҳар зодаи худ ҷо Синтаб.

Ё:

Файзу тараби замини аҷдод дигар,

Он ҷо нафаси обу дами бод дигар.

Мегуфт падар бар мани саҳрозода:

“Синтаб дигар асту Сайҳунобод дигар”.

Дар он рӯзгор “Ватанам СССР, гулшанам СССР” буд. Мактаби ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, кифи латтагин, ручкаву сиёҳидон, партаҳои ленинӣ, галстуки пионерӣ аз пеши назарам дур намешаванд. Ланказанӣ, бозиву ҳаёҳу, дар паҳноҳои дашт чун бод давиданҳо, дастбагиребоншавӣ бо ҳамсолон ҳанӯз дар ёдам…

Китобҳои дарсию бадеӣ аз Тоҷикистон меомаданд. Барои хариди китобҳои дарсӣ ҳамагӣ 4-5 рубли шӯравӣ сарф мешуд. Падарам, ки серпул набуд, барои харидани китобу дафтар ва дигар лавозимоти дарсӣ пулу тангаҳоро шумурда медод. Шеъразёдкунӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаам буд. Аз қофияи шеър хушам меомад…

Аз кай ба шеър гуфтан оғоз кардаед?

– Агар гӯям, ки аз модар шоир таваллуд шудаам ё хеле аз хурдсолӣ ба шеърнависӣ шуруъ кардаам, худситоӣ мешавад. Вақте синфи ҳашт ё нуҳ мехондам, ду дафтари “шеър” доштам. Боре ҳампартаам маро ба омӯзгори забон ва адабиёт “фурӯхт”. Муаллим иҷборӣ дафтарҳои “шеър”-амро аз киф гирифт. Рӯзи дигар маро ба гӯшае хонду изҳори назар кард: “Шеърҳоят хубанд. Дуздӣ нестанд? Навис, шеърҳои аввалини Рӯдакӣ низ дар ин поя будаанд”.

Намедонистам, ки шеърҳои ибтидоии Одамушшуаро дар кадом поя буданд, вале аз суханони омӯзгор хушам омад. Вай хоста будааст, ки ман шоир шавам… Овони наврасию ҷавонӣ агар касе маро чун шоир муаррифӣ мекард, хушам меомад. Ҳоло аз чунин муаррифиҳо нороҳат мешавам. Зеро, фикр мекунам, ҳанӯз ба баландии шеър набаромадаам.

Пайи Ҳофиз, пайи Хайём рафтем,

Ба дасте хома, дасте ҷом рафтем.

Вале як байти хотирмон нагуфтем,

Зи дунёи сухан ноком рафтем…

Баъд аз хатми мактаб таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии Самарқанд ба номи С. Айнӣ идома додам. Дар он даргоҳи маърифат фаҳмидам, ки машқҳои овони мактабхониам шеър набудаанд. Дафтарҳои машқамро ба модарам барои пешдаргиронӣ додам. “Шеърҳо” сӯхта хокистар шуданд, вале оташи ишқи шеъргӯӣ дар дил монд…

Вақте овони донишҷӯйӣ “шеър”-и нахустинам (як дубайтӣ) зери таҳрири устод Ҷонибек Қувноқ (ёду ёдгорашон гиромӣ бод) ба дасти нашр расид, хеле шод шудам, ки тасвирнопазир аст. Аз байни мардум рад мешудаму фикр мекардам, ки ба ин муносибат ҳама маро табрик мегӯянд. Вале, ба ҷуз чанд ҳамсабақам, ҳама ба дунболи кору бори худ будаанд…

Шумо кай рисолати шеърнависиро дарк кардед ва ба хулосае омадед, ки сарнавишти хешро бояд ба он пайвандед?

– Баъд аз хатми донишкада корро дар мактабҳои зодгоҳ аз муаллимӣ шуруъ кардам. Вале ишқи шеъргӯйӣ маро пайваста ба нокуҷоҳое мехонд. Як бегоҳии соли 1983, вақте аз кор баргаштам, модарам лифофаеро бо нигаронӣ ба дастам дод. Он аз мудири шуъбаи кор бо эҷодкорони ҷавони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Меҳмон Бахтӣ (Худо раҳмат кунад) буд, ки инҷонибро ба курс-конференсияи адибони ҷавон даъват менамуд.

Дар курс-конференсия устодони сухан машқҳоямро мавриди муҳокима қарор доданд. Ба сифати иштирокдори курс-конференсия чанд қаламиям тавассути минбари баланди адибони Тоҷикистон – маҷаллаи “Садои Шарқ” ва маҷмӯаи дастҷамъие ба дасти хонанда расид.

Ин рӯйдод ба масъулиятам дар назди сухан афзуд. То ҷое рисолати шеърнависиро дарк кардам ва тасмим гирифтам, ки сарнавишти хешро ба он пайвандам.

Ба андешаи шумо, шеър чист ва чӣ рисолат дорад?

– Дар ин хусус бисёр гуфтаанд. Дар тӯли умр ба сухани бузургоне, ки гуфтаанд “шеър зодаи дарду шодӣ аст”, итминон ҳосил кардам. Фикр мекунам, шеър бештар кори дил аст, то кори ақл. Вақте дар гуфтани шеър дил бештар ширкат меҷӯяд, ҷозибае пайдо мекунад.

Намедонам, машқҳоям шеъранд ё чизе ба шеър монанд, вале аз шеъри баъзе шоирони варзида хушам намеояд. Шеърҳояшон ҳарчанд ба талаби техникии шеър пурра ҷавоб медиҳад, вазну қофия ва обуранги бадеӣ доранд, аммо чизе дар онҳо намерасад, ки фикр мекунам, ҷозиба аст. Ба ин маънӣ дар як машқам ишора кардаам:

Чу анҷум то саҳар гоҳе нахуфтам,

Ки то як гавҳари маънӣ бисуфтам.

Бигуфтам, ҳар чӣ омад берун аз дил,

Вале чун аз забон омад, нагуфтам.

Фикр мекунам, рисолати шеър ба ниёзҳои ботиниву рӯҳонии ҷомеа иртиботи ногусастанӣ дорад. Бар онам, ки шеър бояд ба худшиносӣ ва камоли инсон бисозад, чашми дили ӯро ба зовияҳои нотакрори табиату табиати инсон, ки на ҳама тавони дидан доранд, бикушояд… Гоҳе лозим меояд, ки суханвар, барои анҷоми рисолати хеш, моҳивор ба муқобили маҷро шино кунад…

Мисолан, ин пораҳоро на дар ҳар аудитория хуш қабул мекунанд:

Агар тоҷик дасти ҳам бигирад,

Зи домони хирад муҳкам бигирад.

Шукӯҳи шуҳрату овозаи ӯ,

Тамоми гӯшаи олам бигирад.

***

Замин дорӣ, забонат ҳаст, аё қавм,

Бузургони ҷаҳонат ҳаст, аё қавм.

Валекин боли парвозат шикаста,

Чӣ дарди ноаёнат ҳаст, аё қавм?

***

Ай даригӯён, дариро дарбадар кардан хатост,

Хештанро гумраҳу оқипадар кардан хатост…

Бо вуҷуди он, ки дасти давр тангаш мекунад,

Танг бар фардои он оне назар кардан хатост…

Шумо барои кӣ шеър мегӯед?

– Дар навбати аввал барои мани дар ман, ки на аз ҳамаи гуфтаҳоям хушаш меояд, сониян, барои мухлисону иродатмандон. Намедонам онҳо чӣ миқдоранд, аммо ҳис мекунам, ки чанд нафар ба қаламиҳоям дилбастагие доранд…

– Дар замони кунунӣ, ки фикри мардум ба куллӣ тағйир ёфтааст ва асри техникаву технология мебошад, шеър ниёзҳои маънавии ҷомеаро бароварда метавонад?

– Фикр мекунам, бахусус, ниёзҳои маънавии як қишри қавми моро бароварда месозад. Зеро шеър барои қавми мо на як навъи ҳунар ё василаи дилхушист, балки арзиши миллӣ маҳсуб мешавад. Мисле, ки моҳӣ бе об зиста наметавонад, форсигӯён бе шеъру суруд наметавонанд умр ба сар баранд…

Барои он, ки шеър куллан ниёзҳои маънавии ҷомеаро бароварда созад, фикр мекунам, бисёр корҳоро бояд анҷом дод. Забони форсӣ ё форсии тоҷикӣ яке аз забонҳои муқтадири дунёст. Аз нигоҳи инҷониб, куллан тағйир додани механизми таълими ин забон дар мактабҳои миёна ва олӣ имрӯз яке аз корҳои аввалиндараҷа аст. Зеро ба умқи шеър ворид шуда тавонистан ё натавонистани насли ҷавони тоҷик ба сатҳи забондонии ӯ вобаста аст. Дар ин росто ҳамзабонони мо хеле пеш рафтаанд. Зеро онҳо тӯфони содакунии забонро аз сар нагузаронидаанд… Боре лозим омад, ки дар ҳузури тоҷикони Афғонистон ва эрониён чанд машқамро хонам. Чунин ба назар расид, ки онҳо, бе ишкол, ба образҳои шеърӣ ворид мешаванд. Банда аз қироати шеър лаззат мебурдаму онҳо аз шуниданаш. Вале дар аудиторияи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба сабаби паст будани сатҳи забондонии аҳолӣ, ин ҳолатро ҳис накардам…

Шумо ҳам дар қолаби суннатӣ ва ҳам дар қолабҳои нав шеър мегӯед. Барои шеър қолаб муҳим аст ё маъно?

– Яке аз шоирони бузурги мо Нодири Нодирпур бар он буд, ки дигар умри ғазал сар омадааст, шоирон бояд дар қолабҳои нави шеърӣ тағаззул кунанд. Вале устодони сухан Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Рустами Ваҳҳоб, Фарзона, Озарахш, Абдуҷаббори Суруш, Толиби Луқмон… ва идае аз шоирони Эрону Афғонистон собит намуданд, ки дар қолаби ғазал ва рубоиву дубайтӣ низ метавон доди суханро дод. Пас, барои шеър қолаб муҳим набудааст…

Фикр мекунам, сарфи назар аз қолабҳои наву куҳна, сухани шоир бояд шеър бошад, на чизе ба шеър монанд…

Вазъи шеъри тоҷикро дар Ӯзбекистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Имрӯз дар Ӯзбекистон ҳавзаи ба худ хоси адабиёти тоҷик ташаккул меёбад. Ва боиси хушҳолист, ки дар суфраи ин ҳавза заволаҳои сахтшудае ба назар мерасанд, ки метавонанд по ба пойи намояндагони ҳавзаи адабии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бираванд… Бисёр мехостам, ки бино ба хоҳишу иродаи сиёсии сарони давлатҳо, намояндагони ин ҳавзаи адабӣ, ба хотири таҳкими дӯстӣ, рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ, дар маҳфилу гирдиҳамоиҳои гуногун канори ҳам бошанд…

Дар ҷумҳурии мо нашри рӯзномаҳое бо номи “Овози тоҷик”, “Овози Самарқанд”, “Ховар” ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангие таҳти номи “Дурдонаи Шарқ” дар парвариши исеъдодҳои аҳли қалами тоҷик мусоидат менамоянд, ки сабаби шукргузориҳост. Вале як чиз нигаронкунанда аст, ки сол аз сол теъдоди мактабу гурӯҳҳои тоҷикӣ кам мешаванд. Агар ин ҳолат идома пайдо кунад, эҳтимоли бе хонанда мондани нашрияҳо ва осори адибони тоҷик вуҷуд дорад. Мактаб решаи дарахти забону фарҳанги миллист. Реша, ки хушк шуд, дарахт нашъунумуъ намекунад…

Бо Тоҷикистон ва аҳли адаби он ҳамкорӣ доред?

– Бо устод Гулназар, ёду ёдгорашон гиромӣ бод, қаробат доштам. Соли 80-уми қарни сипаригардида дар Иттифоқи нависандагон бо эшон суҳбати пурборе доштем. Баъд аз ошноӣ бо машқҳоям, вақте гуфтанд “ба ту бояд кумак кард”, дар торикистони дилам чароғаке фурӯзон гашт. Дигар бо устод суҳбатҳои телефонӣ доштем. Боре дар Тошканд меҳмонам буданд. Пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ қабрашонро дар Лучоб зиёрат кардам. Бо устодони дигар иртиботи маънавӣ дорам, аз шеърҳои мондагорашон гирумон меомӯзам.

Мояи ифтихор аст, ки бо яке аз сутунҳои адабиёти муосири тоҷик, шаҳбонуи шеъри муосири форсӣ – Фарзонаи Хуҷандӣ дар ду чорабинӣ: яке дар курс-конференсияи адибони ҷавон (соли 1983) дар Душанбе, дигаре дар Нахустин ҳамоиши байналхалқии шеъри муосири форсӣ дар Эрон ширкат доштам. Дар Теҳрон, баъди ҳолпурсӣ, суол кардам: “Маро шинохтед?”. Бо камоли фурӯтанӣ посух доданд: “Магар мешавад дӯстонро фаромӯш кард?”. Як андак даступо хӯрдам ва аз дил гузаронидам: “Бубин, баъди чанд даҳсола хуршед зарраро мебинад”. Девон ва китобҳояшонро бо соядаст дорам. Инҷониб низ чанд дафтари машқамро ба эшон туҳфа кардаам. Марги нобаҳангоми луълӯи лолояшон барои Озарахш ва Фарзона талафоти бузург буд. Дили иродатмандонашонро реш кард. Манзили охираташ обод бод. Вақте ба дунболи коре дар Хуҷанд будам, барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаашон рафтам. Китобе аз худ ва Озарахш туҳфа карданд…  

Бо шоирони тавонову навпардоз Рустами Ваҳҳоб, Абдуҷаббори Суруш, Толиби Луқмон, Назри Яздон, Равшани Ҳамроҳ, Абдуллоҳи Раҳнамо, Бузургмеҳри Баҳодур, адабиётшиносони дақиқназар Абдунабӣ Сатторзода ва Абдухолиқи Набӣ дӯстони фейсбукием. Ба навиштаҳои якдигар лайк мегузорем ё изҳори назар мекунем. Онҳо, дар баробари он ки шоирону олимони ҳавасангезанд, инсонҳои хуб низ ҳастанд. Нависанда ва шоири хушқареҳа Марямбонуи Фарғонӣ дӯсти овони донишҷӯйии каминаанд.

70-солагии умрро бо кадом рӯҳия пешвоз гирифтед?

Донишманде фармуда будааст: “Ғам махӯр, ки солхӯрда ё пир шудаӣ, Худо ин имтиёзро на ба ҳар кас медиҳад”. Ба муносибати 70-умин солгарди умр дӯстону ҳамкорон ва иродатмандон табрик мегӯянд, маҳфилу вохӯриҳо баргузор мешаванд, ки сабаби хушҳоливу сипосгузориҳост. Фикр мекунам, ин ҳама муҳаббати онҳо ба шеър аст, то ба шахси камина. Нақшаҳо зиёданд. Аз ҳама муҳимаш, бояд шеър гӯям, на чизҳои ба шеър монанд…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *