Тоҷикистон дар радабандии нави маҷаллаи The Economist, ки шохиси демократия дар кишварҳои ҷаҳонро муайян кардааст дар мақоми 160-ум қарор гирифт.
Дар радабандӣ 165 кишвар ҳузар доранд ва поёнтар аз Тоҷикистон танҳо кишварҳое мисли Сурияву Кореяи шимолӣ қарор гирифтаанд. Аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ Туркманистон як зина поёнтар аз Тоҷикистон қарор дорад.
The Economist ҷуз Тоҷикистону Туркманистон 5 кишвари дигари собиқ Шӯравӣ – Русия, Озарбойҷон, Белорус, Узбекистон ва Қазоқистонро низ шомили гурӯҳи кишварҳои ғайридемократӣ ва худкома намудааст.
Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Қирғизистон дар ин радабандӣ байни кишварҳои низомашон омехта ва то ҷое демократӣ ҷой гирифтаанд. Гурҷистон ва кишварҳои назди Балтик демократӣ шинохта шудаанд.
Норвегия, Исландия ва Шветсия демократитарин кишварҳои ҷаҳон ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, Сурия ва Кореяи худкоматаринҳо шинохта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ин радабандиҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки кишвар демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. .