Рубрики Хабарҳо

Шумори боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон ба 1000 нафар наздик шудааст

Боздоштҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон, ки аввали моҳи ҷорӣ шурӯъ шуда буд, то ҳол идома доранд ва шумори боздоштшудаҳо садҳо нафар буда, тибқи баъзе маълумот ба 1000 нафар наздик шудаанд. 

Тибқи иттилоъи манобеъи гуногуни Паём, ки байнашон як манбаъи наздик ба ВКД ҳам ҳаст, боздоштҳо аз тарафи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила сурат мегиранд. Як манбаъ гуфт, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ дар ин боздоштҳо даст дорад ва ба РМҶМ ВКД кӯмак мекунад. 

Мақомот то ҳол сабаби ин боздоштҳо ва рӯйхати боздоштшудаҳоро эълом накардаанд. Манобеъ мегӯянд се боздоштгоҳи муваққатии ин ниҳод ва ҳатто бархе утоқҳои он дар Душанбе ва навоҳии атрофи он аз боздоштшудаҳо лабрез шуда, қисматеро бо гирифтани изи ангушт рақами телефон ва мусодира кардани шиносномаҳояшон раҳо кардаанд. Танҳо аз шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) беш аз 100 нафар боздошт ва ба Душанбе оварда шудаанд.

Ҳамчунин аз шумори зиёди боздоштшудагон аз навоҳии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва ноҳияи Исфараи вилояти Суғд хабарҳо мерасанд. 

Наздикони боздошшудаҳо аз тарафи кормандони ВКД шадидан таҳдид шудаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо расонаҳо сӯҳба накунанд ва агар касе аз куҷо будани наздикони боздоштшудаашон пурсиданд, гӯянд, ки дар Русия қарор доранд. 

Ба наздикони боздоштшудаҳо имкони вохӯрӣ ё гирифтани кадом хабаре дода намешавад.

Паём ному насаби қисмате аз боздоштшудагонро пайдо кард, вале вақте мо бо пайвандони эшон сӯҳбат кардем, хоҳиш карданд, ки номи онҳоро расонаӣ накунем, чун метавонанд ба интиқоми ифшо кардани боздоштҳо, афроди дигари хонаводаро боздошт кунанд. 

Бо вуҷуди ин, мо ба ҷамъоварии асомии нафарони боздоштшуда идома медиҳем ва баъди пайдо кардани номҳои бештар, онро нашр хоҳем кард. Аз хонандагон ҳам хоҳиш мешавад ҳар маълумоте дар бораи боздоштшудаҳо доранд ба мо расонанд. 

Рақамҳо барои тамос тавассути паёмакрасонҳои Ватсап, Вайбер, Имо, Телеграм:

+ 43 663 064 706 42

+ 49 151 646 159 47

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *