Аз оғози моҳи май ва баъд аз онки мақомот мавҷудияти коронавирусро дар кишвар тасдиқ карданд, 11 маҳбус бо нишонаҳои монанд ба ин беморӣ фавтидаанд. Аммо масъулини Идораи зиндонҳо мегӯянд, марги ин маҳбусон на аз COVID-19, балки аз илтиҳоби шуш ё пневмония буд. Расонаӣ шудани хабари бемории маҳбусон дар пасманзари пандемия нигаронии наздикони зиндониён ва ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овардааст.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфта, ки 11 маҳбусе, ки аз моҳи май бо ин нишонаҳо фавтиданд, гирифтори пневмония буданд. «Пизишкон ташхис карданд, ҳамаашон илтиҳоби шуш ё пневмония баромаданд».
Аммо бархе наздикони маҳбусон ба ин гуфтаҳои мақомот дар бораи набудани коронавирус дар зиндонҳо аз оғоз шубҳа доштанд.
Мақомот мегӯянд, шумори маҳбусоне,ки бо ҳарорати баланд бистарӣ шудаанд, дар рӯзҳои ахир коҳишёфта, ҳоло танҳо 7 маҳбус аз таби баланд шикоят доранд.
Иттилоъ дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар шароити коронавирус асосан аз суҳбатҳои мақомот ва тамосҳои маҳбусон бо наздиконаш мерасад.
Дар остонаи сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостанд, то намояндагони СҶТ аз вазъи зиндонҳо дида кунанд. Аммо намояндагониин созмон зоҳиран ба зиндонҳо роҳ наёфтанд ва масъулини СҶТ ҳам нагуфтанд, ки сабаби ин кор чӣ буд. Маҳз роҳ наёфтани ҳомиёни ҳуқуқ ба зиндонҳо хабарҳо дар бораи вазъи воқеии зиндонҳоро зиёд кардааст.
Моҳи май пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон «сабук» ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар мулоқоти маҳбусон бо наздиконашоназ охири моҳи март манъ шудааст.