Дар нимсолаи аввали соли 2022 воридоти гандуму орд, биринҷ, картошка, меваҳо ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ ба Тоҷикистон кам шудааст.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода дар 6 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 356 ҳазор тонна гандум харидааст, ки 19 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар ҳамин ҳол, шакар танҳо маҳсулоти хӯрокие будааст, ки воридоташ афзоиш ёфтааст. Файзуллозода гуфт аз оғози сол ба ҷумҳурӣ зиёда аз 87 ҳазор тонна шакар (қанд) оварда шудааст, ки 2,9 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба 6 моҳи соли 2021 аст. «Бо сабаби рӯйдодҳо байни Русия ва Украина, мо ба Ҳиндустон ва Покистон таваҷҷуҳ карда, имрӯз қисмати зиёди шакар аз ин кишварҳо ворид карда мешавад” — афзуд ӯ.
Коршиносон коҳиши воридотро ба камтар шудани қудрати харидории мардум бинобар буҳронҳои сарзада аз коруно ва ҷанги Русияву Укроин вобаста медонанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, нимсолаи аввал 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ, 5,6 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 1,5 млн чӯҷа, ҳудуди 8 млн дона тухми инкубатсионӣ, 2,4 ҳазор тонна маҳсулот аз моҳӣ, наздики 330 ҳазор тонна хӯрокаи чорво ва ғайра аз назорати фитосанитарӣ дар сарҳад гузаронида шуданд.
Ба гуфтаи Файзуллозода, имсол содироти меваи тару тоза ва хушкмева аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудааст. Дар ин давра ба хориҷи кишвар 12,8 ҳазор тонна меваи тару тоза ва зиёда аз 20 ҳазор тонна хушкмева содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутансибан 7,7 ҳазор тонна ва 8 ҳазор тонна зиёдтар аст.