Кохи сафед эълом кард, ки барканории Илҳон Умар намояндаи мусулмон аз кумитаи парлумонӣ як “намоиши сиёсӣ” буда ва ба мардуми Амрико осеб расондааст.
Карине Жеан Пирре, сухангӯи Кохи сафед дар нишасти хабарии рӯзона дар посух ба саволи марбут ба ихроҷи Илҳон Умар намояндаи сомалитабори ҳизби демократ аз кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Намояндагони Аврупо, изҳор дошт: мо онро як намоиши сиёсӣ медонем. Ҳамон тавр, ки ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагон дигар демократҳоро аз кумитаҳои калидӣ дар ҳафтаҳои ахир ҳазф карданд.
Вай Илҳон Умарро “узви бисёр мӯҳтарами Кунгира” хонда ва гуфт, ки ин тасмими қонунгузор ба мардуми Амрико осеб мерасоанд. Илҳон Умар бобати изҳороти қаблии худ узрхоҳӣ ва ошкоро яҳудиситезиро маҳкум карда буд.
Дар раъйгирии Маҷлиси Намояндагони Амрико Илҳон Умар, намояндаи мусулмони ҳизби демократ бо 218 раъйи мусбат дар баробари 211 раъйи манфӣ аз Кумитаи равобити хориҷӣ ба далел интиқод аз Исроил ихроҷ шуд.
Изҳороти Илҳон Умар, ки мунтақиди бисёре аз сиёсатҳои Исроил дар қиболи Фаластин аст, мабнӣ бар ин ки Кумитаи равобити умумии Амрико ва Исроил ба сиёсатмадорони амрикоӣ барои ҳимоят аз Исроил пул пардохт мекунад, ҷанҷол ба по кард.
Бархе аз демократҳо, аз ҷумла Нэнси Пелоси, раиси пешини Маҷлиси Намояндагон, изҳороти вайро “яҳудситезона” хонда ва Илҳон Умар зимни узрхоҳӣ гуфт, ки қасди ӯ тавҳин ба яҳудиёни амрикоӣ набудааст.