Рубрики Хабарҳо

Ҳамсинфи Рустам. Ё чӣ гуна шаҳрванди Таиланд дорухонаҳои Тоҷикистонро инҳисорӣ кард

Барои расидан ба мансаби баланд ё инҳисорӣ (монополия) кардани тиҷорате дар Тоҷикистон, ҳатмӣ нест, ки узви Оила ё қудои он бошӣ. Ҳамсинф ва дӯсти яке аз узви Оила будан ҳам ин имконро медиҳад.

Масалан Шоҳрух Саидов, ки бо суръат дар зинаҳои мансаб боло меравад, танҳо дӯсти Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур аст. Ин дӯстии ӯ на танҳо худашро сӯи мансаби вазирӣ мебарад, балки падарашро ҳам аз тақдири дигар вазиру кабирҳои кобинаи Раҳмон — марг ё зиндон наҷот додааст.

Бахти Мирзоевҳои ҳушманд ҳам омад кардааст — бародари хурдии онҳо Хуршед бо Рустами Эмомалӣ дар як синф таҳсил кардааст.

Алъон Хуршед Мирзоев расман ба корҳои ҷамъиятӣ машғул аст ва дар вазифаи ноиби аввали президенти Федерасюни  футбол ва дабири кулли он фаъолият мекунад.

Хуршед Мирзоев бо вазири варзиши Русия ва сафири Тоҷикистон

Ҳарчанд ҳалқаи васлкунандаи оилаи онҳо бо Рустами Эмомалӣ Хуршед аст, ба тиҷорат бародаронаш машғуланд.

Бародари калонии ӯ Зафар Мирзоев расман як мансабаки оддӣ — раҳбари Федерасюни шоҳмоти Тоҷикистонро ишғол крадааст. Ҳарчанд шаҳрванди Таиланд аст, ин амр на дар гирифтани вазифа ва на дар инҳисорӣ кардани як тиҷорати калон дар Тоҷикистон барояш монеъае эҷод накардааст.

Ӯ ҳамчунин молики ширкатҳои Evolet Healthcare Limited (Ҳиндустон) ва Abstragan Limited (Лондон, Бритониё) аст. Пулҳои бизнеси дору дар Тоҷикистон ҳам тавассути Зафар «шуста» мешаванд.

Мирзоевҳо ғайрирасмӣ кулли бизнеси дорухонаро инҳисорӣ кардаанд. Чанд ширкат, аз ҷумла Ориён-Фарм, Дӯстӣ, Мадад ба Зафар ва бародараш Ҷамшед таъаллуқ доранд. Доруфурӯшҳо муваззафанд намояндаи ин ширкатҳо бошанд ва доруро танҳо аз онҳо гиранд.

Дорухонаҳои мустақил дар Тоҷикистон дигар боқӣ намондаанд. Фишори монополистҳо, тафтишҳои пайдарпайи мақомоти андоз, додситонӣ, Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра онҳоро маҷбур кардаанд зери қаноти Мирзоевҳо раванд ва намояндаи онҳо бошанд. Доруҳоро ҳам аз анбори Ориён-Фарм мегиранд.  

Мирзоевҳо муносиботи хуби тиҷорӣ бо ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон, Русия ва Олмон ба роҳ мондаанд.

Тиҷорати онҳо бо дору тамом намешавад. Ҷамшед молики Маркази савдои Ёвар мебошад. Ҳамчунин ӯ намояндаи Хёндай дар Тоҷикистон аст.

Муҳаммад Мирзоев молики ширкати сохтмонии “Строй-сервис” ва намояндаи заводи автобусбарории Туркия «AKIA» мебошад.

Бародари дигари онҳо Илҳом Мирзоев молики ширкатҳои Abstragan Holding Limited ва Spey Medical LTD (Тоҷикистон) аст ва дар ду ширкати фавқуззикри  Evolet Healthcare Limited (Ҳиндустон) ва Abstragan Limited (Лондон, Бритониё) саҳм дорад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *