11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Гелос – давои камхунӣ — Pressa.tj


Гелос дарахти бисёрсолаи боровар аст. Одамони давраҳои ибтидоӣ меваҳои гелоси ёбоиро истеъмол менамуданд. Дар мамлакатҳои назди соҳили Баҳри Миёназамин гелосро аз қадимулайём парвариш мекунанд. Шакли худрӯи он дар Қафқоз, Молдова, Украина, Қрим нашъунамо меёбад.

Гелос хосияти хуби шифогӣ дорад. Обҷӯши баргаш барои дафъи рутубати узвҳои нафас, ширааш барои муолиҷаи сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст. Агар гелоси хушккардашударо дар об тар карда, ба беморони ҷигар фармоянд, талхаро тунук мекунад. Ширааш сангҳоро ҳал мекунад.

Гелос барои муолиҷаи бемории гулӯ ва шуш судбахш аст. Истеъмоли он баъди таом қобили қабул нест. Дар тибби мардумӣ аз мева, барг ва гулҳои гелос васеъ истифода мебаранд. Обҷӯши мевааш барои рафъи илтиҳоби найчаҳои шуш ва роҳи нафас нофеъ аст. Он табшикану пешоброн мебошад. Дар тибби муосир шира, афшура ва гелоси тару тозаро, ки аз моддаҳои фаъоли биологӣ бой аст, ба кӯдакон чун маводи ғизоӣ тавсия медиҳанд.

Тарзи тайёр намудани дамхӯрдаи меваҳои хушки гелос, ки барои муолиҷаи камхунӣ давои хуб аст чунин аст: 50гр меваи хушки гелосро гирифта, дар термос ё ягон зарфи сирдор андохта, ба болояш 300 гр оби ҷӯшро мерезанд ва онро дам медиҳанд. Пас онро аз дока гузаронида, 100 гр-ми 3 бор дар як рӯз ним соат пеш аз қабули таом истеъмол менамоянд.  Ин нӯшоба давои хубест барои муолиҷаи камхунӣ.

Аз гелос инчунин нӯшоба, мураббо, афшура ва шароб тайёр мекунанд.

Азбаски гелос меваи аз танин бой аст, метавонад мушкилоти меъдаро ба вуҷуд орад, аз ин рӯ дар як рӯз аз 200 ё 300 гр. мева истеъмол кардан мувофиқи мақсад нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *