Рубрики Хабарҳо

Сохтмони бузургтарин масҷид дар ҷаҳон ба поён расид (Навор)

Бузургтарин масҷид дар ҷаҳон, баъди анҷоми сохтмон, моҳи шарифи Рамазони соли ҷорӣ дар Истамбул  дарҳои худро боз хоҳад кард.

Тавре нашрияҳои туркӣ менависанд, корҳои сохтмонии масҷид аллакай ба итмом расидаанд ва дар айни замон корҳои дохилӣ ва нақшу нигори деворҳо дар ҳоли анҷомёбист. Масоҳати масҷиди навсохти “Чамлиҷа” панҷоҳ ҳазор метрро ташкил медиҳад ва метавонад ғунҷоиши то 50 ҳазор нафар намозгузоронро дошта бошад.

Масҷиди “Чамлиҷа” аз шаш манора иборат буда, баландии чортои он 107,1 метр ва дутои дигараш 90 метрӣ мебошад.

Дар атрофи масҷид маркази фарҳангӣ, китобхона, толорҳои конфронсӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *