11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ислоҳот дар гумруки Ӯзбекистон

Қарор аст дар Ӯзбекистон ислоҳоти чашмрасе дар мақомоти гумрук роҳандозӣ шавад. Раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дирӯз, 12 апрел фармонеро дар ин маврид имзо кард.  

Дар фармон омадааст, аз 1 июли соли 2018 қоидаи нав ҷорӣ мегардад, ки тибқи он иҷозатномаҳои хадамоти гумрук барои ҷой додани молҳо дар режими гумрукӣ, ҳуҷҷатгузории гумрукии молҳои якхела, иҷозаи карантинӣ, иҷозати воридот ва содироти молҳои олами набототу ҳайвонот аз байн бурад мешавад, хабар медиҳад

Инчунин таҷрибаи деклоратсияи пешакии молҳои воридотӣ то расидани воқеъии онҳо ба қаламрави гумрукии Ӯзбекистон, роҳандозӣ карда мешавад.

Минбаъд дар сохтори Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон чанд раёсати нав таъсис дода хоҳад шуд: ҷорӣ намудани усулҳои пешқадам ва инноватсионии маъмурияти гумрукӣ, мониторинг ва баҳогузории рискҳо ва Ракёсати мониторинги амалиётҳои тиҷорати хориҷӣ ва омори гумрук.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *