Ботилкунандҳои рӯза ду намуд ҳастанд:
Намуди аввал: Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд, ва инсон бояд қазои рӯзаи ботил гаштаашро диҳад.
Намуди дуввум: Ботилкунандае, ки рӯзаро ботил месозад, ва инсон ҳам қазои он рӯзаашро мегирад, ҳам бояд каффораи он рӯзаро диҳад.
Имрӯз оиди ботилкунандаҳое, ки танҳо қазоро воҷиб месозад гуфта мегузарем.
- Хӯрдан ва нӯшидан амдан. Касе, ки амдан мехӯрад ва ё менӯшад ба сабаби бемори ва ё узрӣ дигар қазои он рӯзаашро мегирад.
Аммо шахсе, ки беягон сабаб рӯзаашро мехӯрад, муртакибӣ гуноҳи кабира мегардад, ва ба раъйи аксари уламо ҳам бояд қазои он рӯзаашро гирад, ҳам бояд каффора диҳад.
Аммо шахсе, ки рӯзадор буданашро фаромӯш сохта чизеро мехӯрад ва ё менӯшад, рӯзааш ботил намегардад. Паёмбар мегӯянд:
من نسي و هو صائم فاكل او شرب فليتم صومه فانما اطعمه الله و سقاه
Ҳар шахсе, ки дар ҳоли рӯзадориаш аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва ё бинӯшад, давоми рӯзаашро доштан гирад, хӯрдану нӯшидани фаромӯши рӯзаашро ботил намесозад, балки Аллоҳ ӯро хӯрониду нӯшонид. ( Бухори ва Муслим)
2) Қай кардани амдӣ.
Агар инсон нахоста худ аз худ қай кунад, боке надорад, аммо қайе, ки амдан инсон худаш сабаб мегардад, рӯзаро ботил месозад. Паёмбар мегӯянд:
Ҳар касе, ки ба ӯ қай ғолиб омад, нохоста қай кард, барояш қазо вуҷуд надорад, аммо шахсе, ки худаш, худашро қай мекунонад, бояд қазои рӯзаашро гирад. (Ибни Моҷа)
3) Ҳайз ва нифос. Агарчӣ дар охирин дақиқаҳои рӯза инсон ҳайз бинад, ҳам рӯзааш ботил мегардад ва бояд қазояшро бадтар бигирад.
4) Фурӯ бурдани чизе, агарчӣ кӯчак бошад, ба мисли намаки таъом ва ё чизҳои кӯчаки дигар. Рӯзаро ботил месозад ва бояд қазояшро гирем.
5) Инчунин агар инсон пеш аз шом иштибоҳан бо гумони фуруъ рафтани офтоб ифтор кунад, бо иттифоқи ҷумҳури уламо бояд қазои он рӯзаашро аз нав гирад. Барои он, ки вақти рӯзадорӣ аз дамидани субҳ то ба пуррагӣ фурӯъ рафтани офтоб мебошад. Ва бо хӯрдани рӯза, пеш аз фурӯъ рафтани офтоб замони рӯзадорӣ комил нагашт.
6) Инчунин шахсе, ки нияти рӯзаи фарзиро намекунад, ва фардояш бе ягон ният то шом гурусна мемонад, рӯза ҳисобида намешавад, бояд қазои рӯзае, ки ният накарда буд бигирад, барои он ки ният аз рукни асосии Рӯза мебошад.
Паёмбар мегӯянд:
انما الاعمال بنيات
Тамоми амалҳо ба ният вобастагӣ доранд.
Чигунае, ки медонем кофист бо дили худ қасди рӯзаи фардоро кунем, бо ҳамин ният иҷро мешавад.
7) Тамоми намуди сӯзандорӯҳое, ки ҳамчун қувват ва ё ғизо инсон истифода мебарад, рӯзаро ботил месозад, ба ҷуз сӯзандоруҳое, ки барои қувват гирифтану ғизо неву ҳамчун кам кардани дард ва ё нобуд кардани микробҳо истифода мешаванд.