Дар се моҳи аввали соли 2025 истеҳсоли равғани растанӣ дар Тоҷикистон ба 7 ҳазору 566,3 тонна расид. Истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 13,4% афзоиш ёфтааст. Оё бо ин рушди истеҳсол кофист, то вобастагии сахт аз воридот коҳиш ёбад?
Истеҳсоли ватанӣ: коҳиш ё афзоиш?
Ҳарчанд теъдоди корхонаҳои равғанбарорӣ дар Тоҷикистон аз 80 адад ҳам гузаштааст, аммо онҳо то ҳол наметавонанд талаботи дохилиро қонеъ кунанд. Танҳо 28-30 фоизи аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин мешаванд. Дар муқоиса, талаботи солонаи аҳолӣ ба равған тибқи меъёр 16,6 кг барои ҳар нафар аст. Барои ин ҳудуди 170 ҳазор тонна равған лозим мешавад. Аммо аз рӯйи маълумоти соли 2023 танҳо 25 ҳазор тонна равған дар дохили кишвар истеҳсол шудааст.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки танҳо тақрибан 15% талабот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин мегардад. Боқимонда бо воридоти равған аз кишварҳои Қазоқистон ва Русия аст. Сарфи солонаи 170 миллион доллар барои воридоти равған, махсусан дар шароити иқтисоди Тоҷикистон, як фишори ҷиддии молиявӣ аст. Яъне, асъор ба берун меравад ва рушди иқтисоди давлати дигар таъмин мегардад.
Аз захира то иқтидор. Коршиносон чӣ мегӯянд?
Ба андешаи мутахассисон, олимони соҳа, иқлими Тоҷикистон барои парвариши аксари зироатҳои равғандиҳанда мусоид аст. Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Тош Нарзуллоев, ҳоло дар кишвар чанд зироати равғандиҳанда кишту парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, зағир, офтобпараст, кунҷид, чормағзи заминӣ, ки дар таркибашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд. Масоҳати умумии кишт то 4-уми апрели соли равон ҳамагӣ 1227 гектарро ташкил додааст. Рақаме, ки дар муқоиса бо эҳтиёҷот ба равғани растанӣ хеле кам ба назар мерасад. Барои расидан ба дараҷаи худтаъминкунӣ, ҳам кишт ва ҳам иқтидори коркард афзоиш мехоҳад.
Дар ҳамин маврид, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба ин бовар аст, ки агар дар Тоҷикистон кишти зироатҳои равғандеҳ тибқи нақша амалӣ шавад, вобастагии воридот ба маротиб камтар мешавад. Бо муносибати дуруст ва риояи тамоми қоидаҳои агротехникӣ, дар Тоҷикистон аз зироатҳои равғандор ҳосили фаровон гирифтан имконпазир аст.
“Иқлими Тоҷикистон барои парвариши тамоми намуди растаниҳои равғандеҳ мусоид аст. Дар заминҳои лалмӣ имкони кишту парвариши кунҷид, зағир, офтобпараст вуҷуд дорад. Ҳам аз он равған мегирем ва ҳам барои хӯроки чорво мувофиқ аст. Танҳо банақшагирӣ лозим аст, ки Вазорати кишоварзӣ якҷо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд амалӣ созанд”,-мегӯяд Қурбоналӣ Партоев.
Ба андешаи коршиносон, технологияи кӯҳна ва камбуди сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар соҳа аст. Бо вуҷуди воридоти баъзе таҷҳизоти муосир, аксарияти корхонаҳо ҳанӯз бо технологияи кӯҳна кор мекунанд. Ин ҳам самаранокӣ ва ҳам сифатро паст мекунад.
Дурнамои рушд
Тибқи дурнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, истеҳсоли равған бояд то соли 2025 ба 30,3 ҳазор тонна расонида ва воридот то 92 ҳазор тонна поин оварда шавад. Агар ин нишондиҳандаҳо амалӣ шаванд, истеҳсол 20% меафзояд ва воридот 6,5% коҳиш меёбад. Бо ин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, ки танҳо афзоиши истеҳсол кофӣ нест.
Барои тағйири вазъият банақшагирии стратегӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва дастгирии давлатии заминдорони хурд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ лозим аст. Сармоягузории мустақим ба соҳаи кишти зироатҳои равғандиҳанда, рушди саноати коркард ва таъмини бозор бо маҳсулоти рақобатпазир аз омилҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.
Тоҷикистон имкон ва иқтидори комил барои коҳиши вобастагӣ аз равғани воридотӣ дорад. Аммо то ҳол на меъёри истеҳсол ва на меъёри худтаъминкунӣ ба ҳадди зарурӣ нарасидааст. Бо сиёсати дуруст, сармоягузорӣ ва истифодаи технологияи нав, кишвар метавонад то 70% талаботи дохилиро бо равғани ватанӣ таъмин кунад.
Назари дигар доред? Нависед.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube