Рубрики Хабарҳо

Бозори Меҳргон ҳам ба Шамсулло Соҳибов тааллуқ гирифт

Бозори Меҳргон (қаблан Пойтахт 90) ҳам ҷузъе аз ҷамъияти саҳҳомии “Фароз” шуд, ки ба домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад.

Ним сол қабл машҳуртарин бозори пойтахт — Шоҳмансур аз байн бурда шуд ва тамоми фурӯшандагонш ба бозори Меҳргон кӯчонида шуданд.

Бояд гуфт, бозори Меҳргон соли 2014 аз ҳисоби буҷаи кишвар ба маблағи 202 миллион сомонӣ ё 40 миллион доллар бунёд шуда буд.

Хотиррасон мекунем, ки аввали моҳи март маркази тиҷории Вефа ва ширкати қуръакашии Лото низ ба ихтиёри Фароз даромаданд.

Дар ҳамин ҳол ширкати фурӯши сӯзишвории “Умед-88” ба фурӯш гузошта шудааст. Молики он Раҷабали Одинаев чанд моҳ қабл ба иттиҳоми азхудкунии пулҳои буҷа ба мабалағи 171 миллион сомонӣ боздошт шуда буд. Айни замон ҳамаи 69 нуқтаҳои фурӯҳи сӯзишвории ин ширкат ба фурӯш гузошта шудааст, ки қимати яке аз онҳо 13 миллион сомонӣ гуфта мешавад. Нуқтаи фурӯши Умед-88 дар ноҳияи Айнӣ аллакай ба ихтиёри Фароз гузаштааст. Коршиносон ба ин назаранд, ки ба зудӣ як музоядаи ҷаълӣ баргузор шуда, ҳамаи нуқтаҳои Умед-88 ба ихтиёри Фароз мегузаранд.

Шамсулло Соҳибов шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова аст. Ӯ солҳои дароз вазифаи намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Бритониёро иҷро мекард, дар ҳоле, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Бритониё ба сифр баробар аст.  

Айни ҳол ба Шамсулло Соҳибов ширкати Фароз таъаллуқ дорад, ки тамоми бозори сӯзишвории кишварро инҳисорӣ (монополия) кардааст. Ин ширкат молики саддарсадии Автосантал ҳам ҳаст, ки бозори омӯзиши ронандагӣ ва ҳуҷҷатҳои ронандагиро дар ихтиёр дорад. Камераҳои назоратии роҳҳои Душанбе, осоишгоҳи Сафеддара ҳам моли Фароз аст.  

Соҳибов бозори фурӯши шираи камолро низ инҳисорӣ кардааст. Ҳамчунин ба интиқоли пинҳонии сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул аст. Дар истецсоли ангишту тилло ҳам ширкат мекунад. Кони тиллои «Заринка» дар Ҳоит ба ӯ таъаллуқ дорад.

Шарофиддин Гадоев, мухолифи тоҷик, ки қаблан ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов бо Соҳибов ҳамкор будааст, дар мусоҳибааш бо Паём гуфта буд, ки бизнесҳои Шамсулло ба ӯ имкон медиҳад ҳар моҳ ба офшор 2,5 миллион доллар интиқол диҳад.

Шамсулло Соҳибов офшори худро дар ҷазираҳои Вирҷин таҳти номи Шамсулло Сахибов бунён гузоштааст. Бозӣ бо ҳарфҳо дар ному насаб ҷустуҷӯ ва муайян кардани соҳибони офшорҳоро мушкилтар мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳои панамагӣ, Шамсулло Соҳибов ширкати худро дар нишонии пустии (почтовый адрес) Мейтленд-Корт; Lancaster Terrace; Лондон W2 3PE ба қайд гирифтааст. Пулҳояшро Соҳибов тавассути ширкати миёнарави MOSSACK FONSECA & CO. (UK) LIMITED, воқъъ дар Бритониё ба ширкати офшории худ GLATTO MANAGEMENT LTD интиқол медиҳад. GLATTO MANAGEMENT LTD ҳанӯз соли 2011 дар ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст.

GLATTO MANAGEMENT LTD Ягона ширкати офшорие нест, ки ба Соҳибов тааллуқ дорад. Ширкатҳои дигар бо номҳои бегона ба қайд гирифта шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *