Рубрики Хабарҳо

Аслов ба пешгирии судури силоҳ ба ҷангҷӯён дар Афғонистон даъват кард

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд барои пешгирии судури силоҳ ба ҷангҷӯён дар Афғонистон чора андешад, гуфт вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.

“Хеле муҳим аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ чораҳои муносибе барои пешгирӣ аз судури силоҳ ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар Афғонистон бияндешад”, — гуфт Аслов зимни баромадаш дар нишасти байналмиллалӣ оиди Афғонистон, ки дар Тошканд баргузор шуд.

Конфронси байналмиллалӣ оиди Афғонистон таҳти унвони “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамгироии минтақавӣ” дар пойтахти Ӯзбекистон 26-27 март баргузор шуд.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон масъалаи ҳаракати ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистонро ҳам ба баҳс кашид. Ба гуфтаи ӯ ҳаракоти ҷангҷӯн дар манотиқи ҳамсарҳад бо Тоҷикистон нигаронии ҷиддии Тоҷикистонро ба бор овардааст.

“Фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракати онҳо дар навоҳии шимолии Афғонистон, бахусус манотиқи ҳамсарҳад бо Тоҷикистон, афзоиши шумори тарафдорони ДОИШ, инчунин ширктаи ҷамъе аз шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар гурӯҳҳои террористии вуҷуддошта  дар Афғонистон моро ҷиддӣ нигарон кардааст”, — гуфт Аслов.

Қаблан фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва НАТО дар Афғонистон ҷенерол Ҷон Николсон дар гуфта буд, ки Русия Толибонро тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мусаллаҳ месозад.  

Тибқи маълумоти Николсон силоҳ ба Толибон замони тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон тақдим шудааст. “Мо медонем, ки русҳо чӣ хел кор мекунанд: онҳо ба тамрингоҳ силоҳи зиёдеро интиқол медиҳанд ва қисмате аз онро ҳамонҷо (дар тамрингоҳ) мегузоранд” — шарҳ дод ҷенерол.  

Тибқи гуфтаи ӯ Толибон дар бораи дастгирии молиявӣ аз тарафи душманон қисса кардаанд: “пешвоёни афғон мустақиман ба ҳамин штаб яроқро оварда ба мо медоданд ва мегуфтанд, ки “инро русҳо ба Толибон фиристоданд”. Мо медонем, ки Русия даст дорад”.

“Мо мебинем, ки дар матбуот шумори ҷанговарони ДИ (Давлати исломӣ) дар Афғонистон бамаротиб бештар нишон дода мешавад. Ин маълумот аз тарафи Русия барои машрӯъият додан ба Толибон ва то ҳаде кӯмак ба онҳо, истифода мешавад” — гуфтааст ҷенерол.  

Чанд рӯз қабл, зимни баромадаш дар дафтари марказии амалиёти “Пуштибонии қавӣ” дар Кобул, Николсон Русияву Эрон ҷанговаронро омӯзиш медиҳанд ва ба онҳо кӯмаки моливу таслиҳотӣ мекунанд.  Ҷененрол тахмин зад ба ин восита Русияву Эрон мехоҳанд Толибонро тақвият диҳанд, чун дар он кувваи муқобилияткунанда ба “Давлати Исломи”-ро мебинанд.

Дар ҳамин ҳол, Русия, Толибон ва Тоҷикистон ин даъвои ҷенероли амрикоиро такзиб карданд.

«Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ машрӯъияти «Ҷунбиши Толибон»-ро эътироф накардааст ва бо ҷонибдорӣ аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон ҳаргиз қаламрави худро барои иҷрои  чунин амалҳо, ки хилофи равишҳои бунёдии сиёсат ва мавқеи усулии кишвар дар масъалаҳои сулҳу амният аст, ба ихтиёри кишварҳои дигар нагузоштааст», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *