Рубрики Pressa

Шиносоӣ аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ


Имрӯз, 3 июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос  шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад.

То ин вақт 80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо нахуст аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *