Рубрики Pressa

Суғд ва Тюмен ҳамкориҳоро густариш медиҳанд


Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тюмен, мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо губернатори вилояти Тюмен Александр Моор баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни ду минтақа бахшҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳиро дар бар мегиранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза заминаи муҳиму мусоид барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ду минтақа мебошад. Ӯ афзуд, ки вилояти Суғд дорои иқтидори бузурги саноатӣ ва кишоварзӣ аст ва омодааст барои рушди ҳамкориҳои судманд бо вилояти Тюмен саҳмгузор бошад.

Аз тарафи худ, губернатори вилояти Тюмен Александр Моор таъкид кард, ки вилояти Суғд намунаи равшани рушди босуръати иқтисодист. Вай изҳори итминон кард, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти олии ду кишвар муайян шудаанд, минтақаҳои Суғду Тюмен метавонанд дар таҳкими равобити Тоҷикистону Русия нақши муассир бозӣ кунанд.

Дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тюмен, ҳайати вилояти Суғд ҳамчунин аз як қатор муассисаҳо ва иншооти муҳими шаҳр, аз ҷумла маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ боздид ба амал оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *