Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Босния ва Герсеговина иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 30 майи соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ки дар пойтахти Босния ва Герсеговина — шаҳри Сараево баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Форуми Осиёгӣ ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон бахшида шуда, дар он намояндагони Парламентҳои Албания, Арманистон, Босния, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Малайзия, Македонияи Шимолӣ ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш Сурайё Дӯстмуродзода доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти қонунгузорӣ ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҳошияи ин сафар, зимни мулоқот бо Раиси Парлумони Босния ва Герсеговина ва мусоҳиба дар дафтари иттилоотии яке аз шабакаҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳон «Ал-Ҷазира» дар шаҳри Сараево ташаббусҳои қонунгузории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон васеъ муаррифӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон