Рубрики Хабарҳо

Шумори қурбониёни коруно дар Амрико аз 40 ҳазор нафар фаротар рафт

Шумори қурбониёни вируси COVID-19 дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба 40 ҳазору 585 нафар расид. 

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико эълом кард: Теъдоди қурбониёни мубтало ба вируси COVID-19 дар Иёлоти муттаҳидаи ба 40 ҳазору 585 нафар афзоиш ёфт. 

Бар ин асос, шумори мубталиён ба COVID-19 дар ин кишвар низ ба 742 ҳазору 442 тан афзоиш ёфтааст. 

Пас аз Амрико дар Испониё ва Итолиё бештарин омори мубталиён ва қурбониёни вируси коруно дар ҷаҳон сабт шудааст. 

Афзоиши шумори мубталиён ва қурбониёни ин беморӣ дар Амрико идома дорад. Бештарини болоравии омор дар Иёлотҳои Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ ва Массачусетс будааст. 

Гуфтанист Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Эндрю Куомо устондори Ню-Йорк эълом карданд вируси коруно ба нуқтаи пайки худ расида ва шоҳиди коҳиши омори мубталиён ва қурбониён ҳастем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *