Рубрики Хабарҳо

ХУКЗӮРӢ (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Салом, Эмомалӣ Шарипович!

   Ин як таъбири машҳури тоҷикӣ аст. Вақте касе барои ба мақсад расидан на қувваи ақлониашро, магар ки қувваи зӯриашро истифода мебарад, “хукзӯр”-аш мегӯянд. Хукзӯр касест, ки  барои азхуд кардани чизе, ҷое, мансабе омода аст ҳама ободиро поймол кардаву ба харобазор табдил диҳад. Чи коре ки аз дасташ меояд, кунад: шиканад, поймол кунад, тарсонад, бидарад. Ба мисли ҳайвон рафтор мекунад, аз ақли солим кор намегирад. Барои ҳамин чунин касонро хукзӯр мегӯянд. Аз соли 2000 сар карда, тули ду даҳсола аст, ки туву авлодат айнан ҳамин корро нисбати тоҷикону тоҷикистониён раво мебинед. Як зарра ҳам шарм намедорӣ. Ба гуфти мардум миҷаат хам намехурад. Чунки беномус шудаӣ. Хаёл мекунӣ, ки ҷомеаи инсонӣ аз ин амалҳоят огоҳ нест.

Даҳони ҳар касеро, ки ба манфиати мардуми кишвар садо баланд мекунад, мехоҳӣ бо кадом василае набошад, бандӣ, даркор шавад зада шиканӣ. То дигар дар кишвар алайҳи бераҳмиҳоят хомӯшӣ ҳукмфармо гардад, чароғе, шамъе рӯшноӣ накунаду миёни халқ маърифат паҳн насозад. Воқеан Тоҷикистонро торикистон кардаӣ. На танҳо ба маънои аслиаш, яъне свет надоштан. Ин светро дигар мехоҳӣ дар дилу мағзи мардум ҳам хомӯш созӣ то ҳамаро ба як рамаи калон табдил диҳиву ба кадом самте хоҳӣ бирониашон. Охир, дарвоқеъ яз як чӯпони тиҳимағзе беш нестӣ. Дар хунат ҳам доимо аспдавониву қамчинкуниву поймолсозӣ, куштору бераҳмӣ ғалаён дорад. Вале боз ҳам фаромӯш мекунӣ, ки тоҷики мактабдор чунин “чӯпон”-у “галабон” ва “човандоз”-ҳоро дар таърихи дурударозаш бисёр дидааст. Аз Чингизхони бобокалонат сар кардаву то Темурланги амакзодаат. Ин турктозиат дигар ба кор намеравад! Ин усул кӯҳна шудааст. Бояд ягон 7-8 аср пештар таваллуд мешудӣ ки то хунук шуданат чангу хокро ба сарат бардошта баробари ордаи Чингизхон асп медавондиву торумор мекардӣ.

Хукзӯрӣ говзӯрӣ нест. Говзӯр фаҳмидаву нафаҳмида нисбати дигарон бераҳмӣ мекунад. Ҳамту, барои он ки фаҳмонад, ки шох дорад ва дигаронро метуронад. Хукзӯрӣ ҳамаро поймол кардану ҷоеро соҳиб шудан, картошкаи бо машаққат рӯёндаи деҳқонро бо шохи бинӣ кандану хӯрдан аст. Илова ба ҳама вайронкорӣ дар киштзори валангор кардааш аз худ ахлот боқӣ мондан аст. Дигар аз ҳайвони ваҳшӣ чи ҳам ёдгор монад! 

Медонӣ, калимаи “хукзӯр” аз куҷо ба хотирам омад? Ин ҳам ба таърихи “рушд”-и туву авлодат алоқаманд аст. Ба даҳсолаи аввали асри 21-ум баргардем: вақте замини Тоҷикистонро пинҳонӣ бар ивази 500 000 доллар ба Хитой фурӯхтӣ, вақте Ҳасан ба саҳна омаду аз қафояш домодҳояту думравонашон. Вақте Шамсулло Соҳибови домодат бизнеси Умаралӣ Қувватовро ғасб карду ӯ ба Маскав гурехта, аз алам сабти навори аудиёии (сӯҳбати телефонии) гуфтугӯяшро бо Шамс дар Одноклассники чоп кард. Дар ҳамон сабт домодат Шамс ба забони шикаставу рехтаи русӣ чунин мегӯяд: “Когда кабан придет к водопою и ему нравится это место, он занимает позицию и не подпускает других к этому месту”. 

Айнан “кабан” мегӯяд, яъне “хуки ваҳшӣ”, на “свинья”, ки бо ҳама ифлосиаш боз ҳам чунин тахрибкор нест! Инро ман набофтаам, ин аз забони худи домодат аст, ки дар забткорӣ чил сол пеш ба хусураш рафтааст. Ва забткории ваҳшиёна. Бо зӯрӣ, лозим шавад ҳатто бо хунрезӣ. Ин ибораи “таърихи”-и Шамсулло амалҳои таи 20 соли охир иҷрокардаи авлодатро хеле дуруст инъикос кардааст. Хукзӯрӣ, именно вот так! Агар хукзӯрӣ намебуд, магар як Шамс тамоми заправкаҳо, автошколаҳо, автодромҳо, лабораторияҳои беморхонаҳои давлатӣ, ҷамъоварӣ ва фурӯши решагиёҳҳои табобатӣ ва ҳоказоро зери дасти худ мекард? Боз барои ин амалкардҳояш пеши мардум сари синааш орден овезон карди! Агар хукзӯрӣ набошад, Ҷамолиддин Нуралиев роҳи асосии пайвасткунандаи шимолу ҷануби кишварро зери назорати худ дароварда, хуни ронандаҳоро чунин бераҳмона мемакид? Ва боз аз андозсупорӣ озодаш кардӣ! Агар хукзӯрӣ набошад Рустами хому дебилу бангӣ Убайдуллоеви сиёсатмадорро аз роҳаш якнима кардаву ба курсии нафари дуюми Тоҷикистон такя мезад? Хеле хукзӯрона ва ба авлодат монанд!  

Кабанзодаҳоят ҳам аз худат қафо намемонанд! Аз рӯи инсоф бигӯ, ки Рустами дар умраш ягон китоб нахонадаат чи гуна шарм надошта Маҷлиси Миллиро роҳбарӣ мекунаду тақдири миллатро ҳал? Ин магар туф кардан ба рӯи ҳама сиёсатмардони тоҷикистонӣ нест? Гӯё ба ғайр аз туву келинам Азизмо ягон тоҷик дар чил-панҷоҳ соли охир фарзанди босаводе таваллуд накарда бошад. Ҳатто дар ҳоли нобиға буданат ҳам анқариб 28 соли диктатураатро бар сари мардуми бечораи тоҷик чӣ гуна асоснок мекунӣ? Он қадар “кабанона” нақша мекашӣ, ки ҳар як ходатро мардум чанд вақт пештар аз эълон карданат мефаҳманду баҳогузорӣ мекунанд.

Ё ҳоло ҳам ҷанги шаҳрвандӣ, бародаркушӣ давом дорад? Бале, рост мегӯӣ, ҷанг давом дорад. Ин дафъа дар ду тарафи сангар “вовчик”-у “юрчик” намеистад. Не, ин дафъа дар як тарафи сангар Эмомалӣ Раҳмону командаи яроқнокаш бо буҷаи кишвар (хонда шавад “пули кисаи мардуми тоҷик”) ва аз тарафи дигари сангар халқи бепаноҳу беяроқи тоҷик бо фарзандони ватандӯсташ меистанд. Ин ҷанг, инак 20 сол боз давом дорад! Ҷанги хукзӯрҳо бо соҳибмулкон. Ҷанги ҳоким бар зидди халқи худ. Ҷанг барои бо зӯрӣ сари қудрат мондану ин мамлакати харобро харобтар кардан. Ҷанг зери шиори ватандӯстӣ ва патриотизми хушку холӣ! Ҷанги беамону бехудоёна зидди ҳар як инсони худотарс. Ҷанг барои “бузург” ва “маҳбуб” эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон. Охир худат ҳам ба ин афсонаат бовар намекунӣ! Агар ин тавр намебуд, аз тарс худро бо қонуни пешвои миллат “муҳофизат” намекардӣ, ҷашнҳои ҳиндуёна барпо намудаву мардумро бо зӯрӣ ба “пешвоз”-ат намебаровардӣ. 

Акнун бо хукзӯрӣ ватанро ҳам аз худ кардаӣ ва ҳар нафареро, ки тарафдори ин турктозиат нест, аз ватан маҳрум месозӣ, боз “беватан” гуфта таъна ҳам мезанӣ. Ҳар гуноҳеро, ки ба майнаи ифлосат меояд, ба гарданашон бор мекунӣ. Ҳоло мебинем, ки нисфи тоҷикистониро террористу экстремист эълон кардаӣ. Тоҷикеро, ки аз бечорагӣ бо дипломи маълумоти олӣ дар хориҷа ҳавливу майдонрӯбӣ дорад. Тоҷикеро, ки дар давоми таърихаш ҷуз деҳқониву ҳунармандиву маърифатпарварӣ коре накарда буд. Тоҷикеро, ки ходими адабиву туркман Карбобоев “муаллими мардумони Осиёи Марказӣ” унвон карда буд. Хизмати ту барои тоҷикон дар давраи ҳукмрониат (хонда шавад турктозиат) танҳо ҳамин аст, ки хӯҷаинҳоят туро “наш сукин сын” ва халқатро Джамшуд и Равшан лақаб гузоштаанд. 

Он ки замини тоҷиконро ба Хитой фурӯхтӣ бас набуд, ки акнун мардумро бо фишор ғариб кардаву ватани бобоияшонро ба соҳибватанон як-як бо шартҳои ба худат маъқул баргашта мефурӯшӣ. Чуноне, ки ба Додоҷон Атовуллоев бар ивази хомӯшиаш ва ба оппозитсияи тоҷик “зарба заданаш” кардӣ. Пас бар мулкат иҷозати вурудаш доди. Магар ӯ бе ин соҳибватан набуд? Магар ҷони ӯ барои аҳволи бади ҳамватанонаш дард намекард? Магар ӯ аз рӯи ҳавову ҳавас турову сиёсататро танқид мекард? На, ӯ соҳибватанест, ки ту ӯро бо фишори системаат мехоҳӣ бишканиву бозичаи дастат созӣ! Магар сиёсатмарди ҳӯшманде нисбати як журналисти номдор, як ҳамватани бообрӯи худ чунин рафтор мекард? Ҳеҷ гоҳ! Бо ин корат боз як бори дигар беандешагиатро исбот сохти. Ин корат ба мафияи ҷинояткороне монанд аст, ки халқро бо даҳшатафкании бераҳмона мехоҳад мутеъ созад. Боз ҳамон “кабан”-и Шамсро ба хотирам меорӣ, ки лаби чашмаи салқину ҳавои тозаи ватанро аз худ кардаву нафаскашӣ аз ин ҳавои тозаро ба “дигарон” бо нархи гарон мефурӯшад. Ин “дигарон” ҳам фарзандони ҳамин сарзаминанд ва рӯзе кишвари бобоияшонро соҳибӣ хоҳанд кард. Ту бошӣ бо ин хукзӯриат як бадноми таърих боқӣ хоҳӣ монд.       

Бо умеди он, ки дар оянда хукзӯриатро нисбати раъиятат бас мекунӣ. Вагарна медонӣ, ки муносибати инсонҳои боақл нисбати ҳайвонҳои ваҳшӣ чи гуна аст.  

Бо эҳтиром Исломиддин Садиров,

нафақахӯр, ветерани меҳнат  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *