Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия нерӯҳои “Патриот”-ро, ки рақиби муздурони Вагнер ҳастанд, ба ҷабҳаи Донбасс гусел кардааст. Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи “Вагнер” борҳо аз фармондеҳии низомии Русия ва аз ҷумла Шойгу интиқод кардааст.
Манобеъи укроинӣ мегӯянд Русия ду гурӯҳи артиши хусусии “Вагнер” ва «Патриот” ба Донббас мунтақил мекунад. Ин ду гурӯҳ дар айни ҳол рақиби ҳам ҳастанд.
Тибқи гузориши портали “Украинская правда” шибҳинизомиёни ширкати низомӣ ва хусусии “Патриот” дар наздикии Угледар дар минтақаи Донетск мушоҳида шудаанд.
Сухангӯи ҷабҳааи шарқи нерӯҳои мусаллаҳи Укроин ин мавзӯъро дар як мусоҳибаи телевизионӣ унвон кардааст. Ин додаҳоро наметавон ба таври мустақил таъйид кард.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст: “мо дар минтақаи Стипная дар ҷабҳаи Угледар, мутаваҷҷеҳ шудем, ки илова бар гурӯҳи Вагнер, шибҳинизомиёни ширкати низомии Патриот муртабит бо Шойгу вазири дифоъи Русия низ зоҳир шудаанд. Бадеҳӣ аст, ки онҳо тамоми қудратҳои размии худро барои дастёбӣ ба ҳадди ақал чанд муваффақият ба кор мегиранд.”
Вай дар посух ба саволе дар бораи имкони даргирии байни ду гурӯҳи Вагнер ва Патриот гуфта, ки онҳо рақиби якдигар ҳастанд бо ин ҳол, ҳар ду гурӯҳ дар ҳоли ҳозир дар бахшҳои мухталиф мустақар хоҳанд шуд.
Фаъолияти гурӯҳи Патриот аз соли 2018 дар Сурия оғоз шуд
Ба гуфтаи андешакадаи амрикоии “бунёди Ҷеймстоун”, ширкати низомии Патриот бо вазорати дифоъи Русия ва идораи кулли иттилооти ситоди нерӯҳои мусаллаҳ мавсум ба (GRU) иртиботи наздике дорад. Бар ин асос, муздурони ин ширкат аз баҳори 2018 дар Сурия фаъол шудаанд.
Ширкати Патриот барои таъмини амнияти маодини тилло дар Сурия дархост дода буд аммо тибқи гуфтаи андешкадаи лаҳистонӣ “Мусса Варшава” дар ниҳоят гурӯҳи Вагнер ин қарордодро гирифт.
Ба гузориши шабакаи телевизионии мустақили Русия “ТВ Дожд” нерӯҳои Патриот дар қатли се хабарнигори русӣ дар ин кишвар даст доштаанд. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ гурӯҳи Вагнер ба таври афзояндае дар ҳоли табдил шудан ба як “маркази қудрати рақиб” барои артиши Русия аст.
Артиши хусусии Вагнер (Wagner) монанди як воҳиди низомии ҳамоҳанг бо артиши Русия дар Укроин амал мекунад аммо истиқлоли худро низ ҳифз кардааст.
Гурӯҳи низомии Вагнер дар солҳои гузашта дар чанд минтақа, аз ҷумла Сурия, Лубнон ва Мали ҳузур дошта ва сарбозони он ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар муттаҳам шудаанд.
Ҷон Кёрби, мудири иртибототи Кохи сафед сешанбе 28 декабр гуфт, нуфузи Евгений Пригожин, раиси Вагнер “густариш ёфта»”аст.
Дар моҳҳои ахир, Пригожин борҳо раҳбарии низомии Русия ва дар натиҷа ба таври ғайри мустақими Сергей Шойгу, вазири дифоъро масъули шикастҳои Укроин донистааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба муваффақияти сарбозони кироя ба шиддат вобастааст. Гурӯҳи Вагнер нақши калидӣ дар ҳамлаи Донббас дар ҷабҳаи Бахмут дошт. Муздурони ин гурӯҳ ҳамчунин дар ҳоли эҷоди як мавқеияти дифоъӣ дар ин минтақа ҳастанд, ки “хати Вагнер” номида мешавад.