Рубрики Хабарҳо

Путину Раҳмон дар бораи чӣ сӯҳбат карданд?

Шоми дирӯз раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд мулоқот кард. Баъди мулокоти расмӣ гуфтугӯи танҳо ба танҳои ду раисҷумҳур баргузор гардид, ки аз ҷузъиёти он иттилоъе дода намешавад.

Ин аввалин вохӯрии Путину Раҳмон аст, ки дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Бинобар таҳримҳои шадид алайҳи Русия ва худи раисҷумҳури он, аксари кишварҳо аз равобити танготанг бо Русия парҳез мекунанд, аммо дар Душанбе Путинро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. 

Дар вохӯрии расмӣ, тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ каранд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад, чунончӣ, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 39 дарсадро ташкил дод.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак барои боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Баъдан мулоқоти як ба яки ду раисҷумҳур баргузор гардид, ки аз ҷузъиёташ хабар дода намешавад. Коршиносон дар бораи мавзӯъи ин гуфтугӯи дур аз чашмҳо тахминҳои гуногун мезананд: аз ҷумла кӯмаки Тоҷикистон ба Русия барои давр задани таҳримҳо, интиқоли қудрат дар Тоҷикистон, бархӯрди ду кишвар бо ҳукумтаи Толибон ва ғайра.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *