Имрӯз, 5 июн дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМИ оғоз гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Сарвазири Беларус Александр Турчин, Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, Раиси Девони вазирони Қирғизистон Адилбек Касималиев, Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Ходжамират Гелдимирадов иштирок доранд.
Сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube