Иҷлоси XVI, даъвати 12 –уми «таърихӣ» 15 ноябри соли 1992 даъват шуд. Вале қабл аз он ки ба баррасии иҷлоси XVI пардозем, месазад ба суоле таваҷҷуҳ шавад, ки то ҳол матраҳ аст, агарчи ҷавобҳое дар ин росто борҳо мунташир шудаанд, аммо кулли ақшори равшанфикрро қонеъ нагардонидаанд.
Суол ин аст, ки чаро иҷлос дар шимоли кишвар баргузор шуд? Тавре аз мусоҳибаи Солеҳҷон Ҷӯраев бо хабарнигори ҳафтавори «Азиа плюс» ва иддаи дигари таҳлилгарон бармеояд, ягона сабаби ба Хуҷанд мунтақил шудани иҷлос вазъи ноороми ҷануби Тоҷикистон, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе будааст. Аммо иддаи дигаре ба ин назаранд, ки агар иҷлос ба Хуҷанд мунтақил намеёфт, афроде ки маҳз дар он ба сари ҳукумат расиданд, наметавонистанд мақосидашонро пиёда намоянд.
Тавре дар боло ишора шуд, саволи матраҳ ҷавоби саҳеҳи худро наёфтааст, агарчи таҳлилгарон сабаби мунтақил шудани иҷлос ба Хуҷандро ҳуҷуми Сафаралӣ Кенҷаев ба пойтахти кишвар далел меоранд, ҳол он ки Сафаралӣ Кенҷаев ду рӯз баъд аз ҳамлааш шикаст хӯрд ва баъдан, Сафаралӣ Кенҷаев ҷузъи муассири Фронти халқӣ буду барои барқарории ҳукумати «конститутсионӣ» мубориза мебурд. Зимнан боз ҳам суол матраҳ мешавад, ки агар воқеан, ташдиди авзоъ ба интиқол ёфтани ин иҷлос сабаб шуд, чаро он дар маркази Хуҷанд доир нагардид? Дар иртибот ба ҷавоби суоли мазкур Зимнан бояд гуфт, мухолифин низ ба ин назаранд, ки иҷлос бар маҳзи таҳаққуқи аъмоли Фронти халқӣ бо кӯмаки Русия ва Ӯзбакистон дар кохи ба номи Урунхоҷаев гузаронида шуд. Аз ин лиҳоз дар иртибот ба ҷавобе ки ягона омил ноамнӣ гуфта мешавад, шак ба вуҷуд меояд ва албатта, бартараф кардани ин шубҳа ва аниқ намудани ҷавоби суол таҳқиқи хосеро талаб менамояд.
Нуқтаи дигар он аст, ки гуфта мешавад, баргузории иҷлос тасмими Додситонии кулл буд. Зеро ниҳодҳои ҳукуматӣ бо шумули кобинаи вузаро ва эълони бетарафии мақомоти интизомию амниятӣ пешвоёни ҳукумати расмиро дар дуроҳа қарор дода буд ва сардамдорони вақт маҷбур буданд, ки ба дувалҳои муштарак-ул-манофеъ тамоил кунанд. Акбаршоҳ Искандаров дар Бишкек талаби нерӯҳои сулҳхоҳро пеш гузошт, аммо парлумони Қирғизистон ин талабро рад намуд. Аз ин нигоҳ, гуфта мешавад, бо маслиҳати Солеҳҷон Ҷӯраев тасмими иҷлос гирифта шуда буд, вале мубтанӣ ба таҳлили дигар мутахассисон, мӯҳраи асосии он ба дасти Ӯзбакистону Русия буд. Дар ҳоле ин афкор гуфта мешаванд, ки ба навиштаи Абдулмаҷид Достиев, вакили Шӯрои Олӣ ва феълан сафири Тоҷикистон дар Русия, «вақте сухан аз иҷлоси 16 меравад, набояд мубтакирони онро фаромӯш кард, чун онҳо Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Вале психологияи инсон таврест, ки вақте ӯро чизе таҳдид намекунад, ҳама душворӣ ва сахтиҳоро фаромӯш менамояд. Барои ҳамин бояд ҳамеша хидматҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев, Сафаралӣ Кенҷаев, Файзуллоҳ Абдуллоев, Тағойхон Шукуров ва дигар нафаронеро, ки барои даъвати сессия талош карданд, дар ёд дошт» (Абдулмаджид Достиев, «Таджикистан: от вооруженного противостояния – к миру и создания», стр. 34).
Ба ҳамин минвол, 15 ноябри соли 1992 иҷлоси 16 –уми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват шуд.
Иддаоҳои бесуди Акбаршоҳ Искандаров
16 ноябри соли 1992, соати 10 таҳти сарварии Акбаршоҳ Искандаров дар Қасри Арбоб иҷлос ба кори худ шурӯъ намуд. Дар кори он аз 230 намояндаи мардумӣ 193 нафар ширкат доштанд, 4 нафари дигар дар рафти ҷаласа ҳамроҳ шуданд. Муродуллоҳ Шерализода, Мавлон Олимов, Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ва Қурбоналӣ Имомов аз зумраи он вукалое маҳсуб меёфтанд, ки то баргузории иҷлос кушта шудаву фавтида буданд, ба истинтоқи Қадриддин Аслонов, ки дар асорати Фронти халқӣ буд ва мурда ё зинда будани ӯро дар ҳамон марҳала то ба имрӯз касе ошкор карда натавонистааст. Сабаби ширкат накардани теъдоди дигаре аз вакилон ба ҳар тарзе талаққӣ мешавад.
Бо шурӯъ шудани иҷлос аввалин коре ки сурат гирифт, ин дақиқаи хамӯшӣ ба хотири рӯҳи вукалои кушташуда буд. Иқдоми навбатии иҷлос ташкили Кумиссиюни муросо бо шумули 40 нафар вакил буд, ки онро Қурбон Тӯраев, намояндаи мардумӣ аз ҳавзаи №115-и Ӯротеппа сарварӣ мекард. Баъд аз он ки кумиссиюни мазкур созмон ёфт, дар кори иҷлос танаффус эълон шуд ва пас аз танаффус иҷлос пушти дарҳои баста сурат гирифт.
Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки иҷлоси 16 масоили зиёдеро дар бар мегирифт, новобаста ба он ки онҳо ҷузъӣ буданд ё куллӣ, инчунин сарфи назар аз он ки бо назардошти ин ё он гурӯҳ масоил матраҳ мешуданд. Вале мутаассифона, мо имкони баррасии кулли масоили дар иҷлос матраҳ ё радшударо надорем, бинобар ин ба баррасии масоили умда мепардозем. Яке аз масоили умдаи иҷлос ки воқеан, ба раванди минбаъдаи вазъи миллату давлат бастагии ногусастанӣ дошт, истеъфои раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ буд.
Қаблан бояд гуфт, вижагии дигари иҷлоси 16-уми Шӯрои Олӣ, чун ҷаласаҳои парлумони имрӯзаи Тоҷикистон он буд, ки дар он ҷо намояндагони ВАО-и Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ширкат доштанд. Вале баъд аз он ки сари масъалаи истеъфои Раёсати Шӯрои Олӣ мабоҳиси зиёде ба миён омад, Кумиссиюни муросо пешниҳод кард, то ба ҷуз аз вукало соири ширкатдорон толорро тарк намоянд. Вукало дар толор танҳо монданд ва мубоҳиса идома пайдо кард.
Чун масъалаи бозхонди раис ва аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ аз ҷониби комиссиюн пешниҳод шуда ва ин масъала яке аз аввалин масоили матраҳ дар ин иҷлос буд, ҳарчанд Акбаршоҳ Искандаров мехост иҷлосро сарварӣ намояд, аммо бо далели ин ки масъалаи бозхонди раис ва Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҷаласа гузошта шуда аст, хоҳиши ӯро рад карданд. Дар чунин ҳол, ӯ гуфт, ҳарчанд аризаи истеъфояшро навиштааст, аммо ҳуқуқ дорад, то баромадани қарор дар иртибот ба истеъфояш ҷаласа таҳти раёсати ӯ доир шавад. Ҳатто гуфт, дар дигар ҳолат ҳам иҷлосро бояд ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ сарварӣ намояд, аммо ин ҳама даъвоҳои ӯ бесуд буданд. Чунки баъд аз ин иддао пешниҳоди ӯ ба овоз гузошта шуд, вале ба қавли Абдулмаҷид Достиев, вукало ба ҷонибдорӣ аз Акбаршоҳ Искандаров раъй надоданд, балки Ҳабибуллоҳ Табаров, вакил аз ҳавзаи №215, намояндаи мардумӣ аз ноҳияи Ховалингро тарафдорӣ намуданд, то раёсати ҷаласаро ӯҳда намояд. Метавон гуфт, бо чунин муҳтаво рӯзи аввали ҷаласа ба поён расид. Яъне дар он рӯз вукало ба қарори қатъие омада натавонистанд.
Рӯзи дигар, 17 ноябр бошад, иҷлос доир нашуд.
18 ноябр, иҷлос ба кори худ идома бахшид, дар ҳоле ки масъалаи истеъфои раис ва Раёсати Шӯрои Олӣ файсала нашуда буд. Аз ин хотир, бори дигар хоҳиши Акбаршоҳ Искандаров дар бораи раисӣ кардани ҷаласа аз ҷониби ӯ матраҳ шуд, ба ин маънӣ, ки ӯ иддао дорад, раёсати иҷлос ҳаққи ӯст. Пешниҳоди дигаре ки аз ҷониби Акбаршоҳ Искандаров он рӯз матраҳ шуда буд, вохӯрии вукало бо сарварони гуруҳҳои мусаллаҳ ва ба даст овардани ризоияти онҳо буд, ки дар ҳолати акс эшон метавонистанд вазъи ногувореро пиёда намоянд. Пешниҳодоти мазкур дар аввал ба вукало мақбул шуданд, вале баъдтар ҷиҳати қабули ин пешниҳодҳо ихтилоф сар зад. Дар чунин ҳол, боз ҳам масъалаи истеъфои раису раёсати парлумон ба мадди аввал гузашт. Яке аз вакилоне,ки зидди пешниҳодҳои Акбаршоҳ Искандаров баромад кард, Адолат Раҳмонова, вакил аз ҳавзаи №202, ноҳияи Шӯрообод ва дигаре Ҳикмат Шарифов, аз ҳавзаи №157-и Кӯлоб буданд. Эшон тақозо намуданд, ки иҷлос тибқи рӯзнома доир шавад ва дар оқибат ин гуруҳ пирӯз шуд.
Дар аввал Раёсати Шӯрои Олӣ дастури ҷаласаро бо фарогири масоил пешниҳод намуд, аммо он аз ҷониби вакилон дастгирӣ наёфт ва Кумиссиюни муросо чунин як рӯзнома пешниҳод кард, ки аз масоили фавқ иборат буд:
-
Дар бораи муроҷиат ба ҷамоҳири узви ИДМ;
-
Дар бораи аризаи президент Р. Н. Набиев;
-
Дар бораи муваққатан қатъ кардани низоми идораи президентӣ;
-
Дар бораи сарвазир;
-
Дар бораи аризаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва аъзои Ҳукумати ҶТ;
-
Дар бораи қатъи намояндагии вукало;
-
Дар бораи иқдомот барои эҷоди суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодӣ дар кишвар;
-
Дар бораи аз масъулият сабукдӯш намудани ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ В. И. Приписнов;
-
Дар бораи тағйирот дар Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи статуси намояндагони мардумии Тоҷикистон»;
-
Дар бораи Додситони кулли Тоҷикистон;
-
Дар бораи парчам ва нишони Тоҷикистон;
-
Дар бораи афви умум;
-
Дар бораи қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо»;
-
Масоили ҷорӣ.
Дар баробари ин масоили матраҳшуда рӯзи дуввуми иҷлос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот дар Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси намояндагони мардумии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳамзамон қарори Шӯрои Олӣ «Дар бораи бозхонди сареъи ваколати намояндагони мардумии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии алоҳида» қабул шуд, ки мутобиқи ин қарор, ваколати А. И. Субботин, И. А. Сеншова, А. И. Семин, Ю. А. Буланов, Ш. Усмонова, В. М. Мазо, А. Н. Мартовитскийро, ки аз хоки Тоҷикистон берун шуда буданд, қатъ гашт.
19 ноябр бошад, Акбаршоҳ Искандаров баъди пофишориҳои бенатиҷа ҷиҳати дар раъси иҷлос будан охирин маротиба чун раиси Шӯрои Олӣ назди вукало ҳисобот дод ва аз вазифаи худ сабукдӯш шуд. Ба ибораи Нуралӣ Давлат, «Искандаров таҳти фишори намояндагони парлумон, аз ҷумлаи ҷонибдорони Фронти халқӣ монд ва аз вазифа барканор шуд».
Иҷлосияи 16-ум: тақдирссоз ё табаддулот? (қисмати дуввум)
Интихоби Эмомалӣ Раҳмонов
Албатта, вақте барканории раиси Шӯрои Олӣ аз зумраи масоили калидӣ дар иҷлос ба шумор меравад, интихоби раиси нав ҳам камтар аз он нест. Бинобар ин ба маврид аст, сари ин масъала ҳам таваҷҷуҳ шавад. Вақте Акбаршоҳ Искандаров аз вазифа барканор шуд, вакили парлумон аз ҳавзаи №47-и ноҳияи Ҳисор А. Мирзоев аз номи вукалои мардумии навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ва Х. Ғафуров, вакил аз ҳавзаи №11-и ноҳияи Варзоб номзадии Иззатулло Ҳаёевро пешниҳод карданд. Вале тибқи навиштаи Абдулмаҷид Достиев, Эмомалӣ Раҳмонов бо ба даст овардани 186 раъйи вакилони парлумон раиси Шӯрои Олӣ шуд.
Албатта, аз нигоҳи расмият Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон дар сиёсат маъруфият касб карда набуд, рақиб дошт.
Зимнан тазаккури нуқтаи дигаре дар иртибот ба ин масъала аз манфиат холӣ нест. Пас аз раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов, 21 ноябри соли 1992 дар рӯзномаи «Коммерсант» таҳти унвони «Раҳмон Набиев бори дигар истеъфо дод» хабаре ба табъ расид, ки дар он гуфта мешавад, «дар ҷараёни иҷлос спикери парлумон раиси Кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов, ҳомии сарсахти Сангак Сафаров, лидери гуруҳи ҳарбишудаи кӯлобиҳо, ки бо Ҳукумати Муросои Миллӣ сангар гирифтааст, интихоб шуд». Ҳамзамон дар охири хабар аз номи Акбаршоҳ Искандаров навишта шудааст: ҳине ки сарвари яке аз гуруҳҳои ҳарбӣ раиси парлумон шуд, фаъол шудани ҷониби дигар низ табиъист. Вале инро ҳам бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмонов баъди интихоб шуданаш ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд кард, ки ба мардум хидмат менамояд ва афзуд: «Кори худро бо сулҳ оғоз мекунам. Ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо ҳамчун бародар бояд ягона бошем, то суботро тасбит намоем» (Абдулмаджид Достиев, китоби ишорашуда, саҳ.44).
Тибқи навиштаи Абдулмаҷид Достиев, ҳамон рӯзе ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, матни Муроҷиъатномаи Шӯрои Олӣ ба Борис Елтсин, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов, Аскар Акаев, президентҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҷиҳати вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар қабул шуд. Дар муроҷиатнома ҷиҳати бозмондани Дивизияи 201-и Русия ҳамчун муҳофизи сулҳ ва амният, инчунин идғоми ақсоми ҳарбии ҷамоҳири Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон гуфта мешуд. Ин дар ҳоле буд, ки 4 сентябри соли 1992, вақте ҷамоҳири мазкур ба ҳушдори сарони ҳам ҳукумату парлумон ва ҳам оппозитсиюн ҷиҳати ташдиди авзоъ таъкид карданд, Шӯрои Олӣ ва Девони вузаро хоҳиш ба амал оварданд, ки Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба умури дохилии давлати Тоҷикистон дахолат накунанд.
Масъалаи дигари калидӣ дар иҷлос қонунӣ кардани истеъфои президенти кишвар Раҳмон Набиев буд. Вале суол ин аст, ки доиркунандагони сессияи мазкур, ки ҳанӯз дар моҳи май-июни ҳамон сол Ҳукумати Муросои Миллиро қабул надоштанд ва даъвои барқарории ҳукумати «конститутсионӣ» ё ҳукумати қабл аз онро мекарданд, оё президент Раҳмон Набиев, онеро, ки ба таври интихоби мустақими мардум сарвари давлат шуда буд, ба сари чавкӣ баргардонданд?
(Давом дорад)