Рубрики Хабарҳо

Дар паи суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон, ҳамаи 180 сарнишин ҷон бохтанд

Як ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737, мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина пас аз парвоз аз фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон, пойтахт Эрон дучор нуқси фаннӣ шуд ва суқут кард. 

Муртазо Салимӣ, раиси созмони Ҳилоли аҳмари Эрон бомдод имрӯз чаҳоршанбе 8 январи 2020 дар бораи суқут як фарванд ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 ҳомили 176 сарнишини мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина пас аз парвоз аз фурудгоҳ Имом Хумайнӣ‍ эълом кард: баъид аст мусофире зинда монда бошад. Дар як минтақаи васеъ лошаи ҳавопаймо парокандааст. 

Вай дар гуфтугӯи зинда бо телевизиони Эрон изҳор дошт: ин ҳавопаймои ҳомили 167 нафар мусофир ва 9 хадама буда ва зинда мондан мӯъҷизаосо хоҳад буд. 

Ҳамчунин Иброҳим Тоҷик Нурӣ, муовини имдод ва наҷоти Ҳилоли Аҳмари устони Теҳрон дар гуфтгӯ бо хабаргузории Меҳр изҳор кард: мутаассифона ҳама мусофирон ҳавопаймои украинӣ фавт карданд. 

Сайидҷалол Маликӣ, сухангӯи созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳрдории Теҳрон дар ин бора гуфт: ҳаволи соати ҳафти субҳи имрӯз суқути ин ҳавопаймо ба мо иттилоъ дода шуд, ки билофосила нерӯҳои мо ба маҳалл эъзом шуданд. 

Ин ҳавопаймо мутааллиқ ба ширкати UIA-и украинӣ ба шумора 752- PS аст, ки бо як соат таъхир аз Теҳрон озими Кмев буд ва субҳи имрӯз пас аз бархостан аз фурӯдгоҳ, ҳаволи шаҳри Паранди Эрон суқут кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *