Имрӯз, 19 декабр дар тамоми кинотеатр ва толорҳои бузургу кӯчаки кишвар филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” намоиш дода мешавад. Дар нақши асосӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳукуматҳои ҳамаи ноҳияҳо, идораҳои давлатӣ муассисаҳои таълимӣ ва ҳатто беморхонаҳо муваззаф шудаанд намоиши филм ва ширкати ҳарчи бештари тамошобинон дар онро таъсин намоянд. Филм дар ҳамаи кинотеатрҳо ва толорҳои хурду бузурги кишвар, аз ҷумла дар донишгоҳҳо намоиш дода мешавад.
Ташкилкунандаи намоиши умумиҷумҳуриявии филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва телевизиони давлатии “Сафина” мебошанд, аммо дастур ба ҳукуматҳои маҳаллӣ аз дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон расидааст.
Тибқи иттилоъи хабаргузории “Азия Плюс”, дар толори маркази “Vefa”, ки чанде қабл аз тарафи домоди Эмомалӣ Раҳмон Шамсулло Соҳибов шуда буд, намоиши филм бо ширкати 700 корманди ҷавони вазоратхонаҳову кумитаҳои давлатӣ баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст баъди тамошои филм аз тарафи созмони “Пайравони пешвои миллат” флешмобе ташкил шуда, ба ҳамаи тамошобинон нишонаҳои сарисинагӣ бо акси раисҷумҳури Тоҷикистон тақсим гардад.