Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазир Исроил рӯзи сешанбе дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Маҷмаъи умумии Созмон милал муттаҳид барои нахустин бор бо ҳам дидор карданд.
Дафтари нахуствазири Исроил дар баёнияе эълом кард Урдуғон ва оқои Нитонёҳу дар ҷараёни маҷмаъи умумӣ гуфтугӯҳоеро дар сатҳи олӣ оғоз анҷом доданд ва тавофуқ карданд, ки ба зудӣ аз кишварҳои якдигар боздид кунанд.
Ба гузориши канали 12-и Исроил эҳтимол меравад Раҷаб Таййиб Урдуғон моҳи оянда ба муносибати садумин солгарди таъсиси ҷумҳури Туркия ба зиёрати Масҷид-ул-Ақсо дар Байтулмуқаддас биравад. Туркия ҳеҷ вокунише нисбат ба ин иддао нишон надодааст.
Равобити Туркия ва Исроил аз соли 2010 ва пас аз кушта шудани 10 шаҳрванди турк дар ҳамлаи неруҳои низомии Исроил ба як киштӣ, ки қасд дошт муҳосираи навори Ғазза тавассути Исроилро бишканад, тира шуд.