Русия эълом кард, ки “ҳамлаи ҳамоҳанги Укроин” ба Кримро дар авоили рӯзи якшанбе хунсо кардааст. Ба гуфтаи Кремл паҳподҳои укроинӣ ҳамчунин Маскавро ҳадаф қарор гирифтанд ва трофики ҳавоии пойтахти Русияро халалдор карданд. Дар ҳамин замина ҳам ҳамлаи паҳподҳои Киев боиси оташсӯзӣ дар як анбори нафт дар ҷанубу ғарбии Русия шуд.
Ба гузориши Рейтерз Укроин дар рӯзҳои ахир маҷмӯае аз ҳамалотро ба аҳдофи низомии Русия дар Крими ишғолӣ аз ҷумла таъсисоти “Новгони Баҳри Сиёҳ” нерӯи баҳрии Русия анҷом додааст то талошҳои ҷангии Маскав дар ин минтақаи ҳассосро тазъиф кунад.
Илова бар ин, ҳамалоте дар умқи Русия, дур аз хутути муқаддами ҷанг ҳам афзоиш доштааст. Ба тавре, ки шаҳрдори Маскав гуфт ҳадди ақал ду паҳпод авоили рӯзи якшанбе дар пойтахт сарнагун шудааст.
Рейтерз ба таври мустақил ин гузоришҳоро таъйид накарда ва Киев ҳам изҳори назаре дар ин бора надоштааст.
Ин дар ҳолест, ки Алексей Данилов, дабири Шӯрои амнияти Укроин рӯзи шанбе аз муттаҳидони Киев хоста буд то таҳвили таслиҳотро суръат бахшанд. Ў гуфта буд ин танҳо роҳ барои поён додан ба ҷанг аст.
Вазорати дифоъи Русия рӯзи якшанбе эълом кард сомонаҳои дифоъи ҳавоии ин кишвар ҳадди ақал шаш паҳподро, ки Кримро аз ҷиҳати мухталиф мавриди ҳадаф қарор дода буд, мунҳадим кардааст. Дар гузорише, ки дар каналтелеграм мунташир шуда, ишорае нашуда, ки оё ба Крим хисорот ва талафоте ворид шудааст ё хайр.
Парвозҳо мухтал шуд
Сергий Собянин, шаҳрдори Маскав дар каналтелеграм навишт, ки дар минтақаи Маскав, як паҳпод бар фарози минтақаи Истра ва дигаре дар фарози минтақаи Романски мунҳадим шуд. Ҳеҷ талафот ё хисорате ҳам вуҷуд надоштааст.
Хабаргузориҳои давлатии Русия эълом карданд, ки ҳадди ақал 30 парвоз дар фурудгоҳҳои бузурги Маскав бо таъхир ҳамроҳ буда ва шаш парвоз ҳам лағв шудааст.
Ин дар ҳолест, ки фармондори минтақаи ҷануби ғарбии Русия гуфт, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини укроинӣ бомдоди рӯзи якшанбе ба як анбори нафт осеб расонда ва боиси сӯхтор дар анборни сӯхт шудааст. Албатта ин сӯхтор ба зудӣ хомӯш карда шудааст.
Андрей Куличков, фармондор минтақаи Орёл дар телеграмм навишт: “ҳеҷ талафоти ҷонӣ дар паси ин ҳамла вуҷуд надоштааст. Тамоми марказҳои хадамотӣ дар ин минтақа машғул ба кор ҳастанд.”
Вазорати дифоъи Русия ва Александр Гусов, фармондори маҳаллӣ ҳам эълом карданд, ки як паҳподи дигар дар минтақаи Воронежи Русия сарнагун шудааст. Ба гуфтаи Гусов, ин ҳамла, талафот ё хисорат ҷонӣ дар пай надоштааст.
Мақомоти минтақаи Тула ҳам аз суқути як паҳпод дар атрофи як маркази лоҷистикӣ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо ҳеҷ талафоти ҷонӣ ва осеби ҷидие ба зерсохтҳо ворид нашудааст.