Нисбати яке аз се милисаи боздоштшуда дар қазияи марги сокини шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов аз рӯи моддаи сӯиистифода аз мақом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Шамшод Шарифов, корманди ВКД-и шаҳри Кӯлоб, бо ҷурми суистифода аз ваколати мансабӣ аз рӯи Кодекси ҷиноятии Точикистон бо ташаббуси прокуратураи минтакавии Кулоб муҷрим дониста шудааст.
Аз рӯи ин модда ҷарима ба маблағи то 100 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Радиои Озодӣ дирӯз 12 январ навишт, ки як манбааш дар додситонӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки дигар афсарони боздоштшудаи милиса Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов бо пардохти гарав озод шудаанд.
Гуфтанист, кормандони милиса ба гумони даст доштан дар марги Абдуқаҳҳор Розиқови 37-солаи сокини Кӯлоб дар шаби 2 ба 3 январи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Наздикони Розиқов гуфтаанд, ки Абдуқаҳҳор бар асари шиканҷаи маъмурони пулис ба ҳалокат расидааст.
Сокинони Кӯлоб рӯзи марги Розиқов назди сардхонаи маҳаллӣ ҷамъ омада, аз бурдани ҷасад худдорӣ карда, талаб намуданд, ки маъмурони милиса, ки дар марги Розиқов гунаҳкоранд, пайдо ва муҷозот шаванд.
Баъди он ки мақомот гуфтанд се корманди милиса боздошт шудаанд, ҷасади Абдуқаҳҳор Розиқовро аз мурдахона гирифта ба хок супурданд
Гуфта мешавад, дар авохири ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ модар, бародар ва дигар хешовандони наздики Абдуқаҳҳор Розиқовро ба Душанбе даъват кардааст. Он чизе, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, гузориш нашудааст.