Рубрики Хабарҳо

Сафари Зеленский ба Лондону Париж. Халабонҳои укроинӣ бо ҷангандаҳои НАТО омӯзиш мебинанд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин бомдоди чаҳоршанбе 8 феврал дар сафаре аз пеш эълом нашуда вориди Бритониё шуд. Ин дувумин сафари хориҷии Зеленский аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Укроин аст. 

Бар асоси тасовири мунташиршуда дар телевизиони Бритониё, ҳавопаймои ӯ ҳудуди соати 10:20 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Станстед воқеъ дар шимолу шарқии Лондон ба замин нишаст. 

Раисҷумҳури Укроин баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе бо подшоҳи Бритониё ва Риши Сунак, нахуствазири ин кишвар гуфтугӯ кард. Вай ҳамчунин дар парлумони Бритониё суханронӣ намуд. 

Зеленский пеш аз ин дар декабри 2022 дуруст 300 рӯз пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Укроин, раҳсипори Иёлоти муттаҳида шуда ва бо Ҷо Байден дидор карда буд. 

Риши Сунак дар баёнияе эълом кард, ки сафари Владимир Зеленский ба Бритониё, гувоҳӣ бар “дӯстии ногусастании байни ду кишвар” ва “азму шуҷоат”-и кишвари Укроин барои идомаи набард алайҳи Русия аст. 

Дафтари нахуствазири Бритониё низ ҳадафи Зеленский аз сафар ба ин кишварро гуфтугӯ барои дарёфти таслиҳоти бештар ва омӯзиши халбон “барои муқобила бо ҳамалоти Русия дар баҳори оянда” эълом кард. 

Бар асоси ин баёния, нахуствазири Бритониё “омӯзиши нерӯҳои Укроин ба вижаи халабонҳо”-ро дар дастури кор қарор додааст. Ба кумаки ин омӯзишҳо, халабонони укроинӣ метавонанд дар оянда бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи пешрафтаи НАТО парвоз кунанд. 

Кишварҳои ғарбӣ агарчи аз оғози соли нав тааҳҳудоти худро барои ҳимояти низомӣ аз Укроин афзоиш додаанд, аммо то кунун аз таҳвили ҷитҳои ҷангии дархостии Киев худдорӣ кардаанд. 

Бритониё то кунун дувуним миллиард евро кумаки низомӣ дар ихтиёри Укроин қарор дода ва пас аз Амрико дувумин кишвари кумаккунанда ба Киев аст. 

Зеленский пас аз Лондон ба Брюссел сафар кард то ҳамзамон бо гирдиҳамоии раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар ин шаҳр, бо мақомоти аврупоӣ бо ҳадафи ҷалби ҳимоят бештар ин Иттиҳодия дидор дошта бошад. 

Макрон мизбони Зеленский ва Шолтс шуд 

Бар асоси баёнияи Кохи ализа, Эммануил Макрун, раиси ҷумҳури Фаронса асри рӯзи чаҳоршанбе илова бар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, мизбони Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар Париж низ буд. Зеленский пас аз поёни суханронии худ дар парлумони Бритониё ба Фаронса сафар кард. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин имрӯз панҷшанбе ба Брюссел сафар кард. 

Ирсол танкҳои Леопард-2 ба Укроин 

Борис Писториус, вазири дифоъи Олмон дар сафар ба пойтахти Лаҳистон гуфт, ки шарикои ғарбӣ метавонанд аввалин гардон аз танкҳои ҷангии Леопард-2-ро дар се ё чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба Укроин таҳвил диҳанд. 

Писториус гуфтааст: “мо метавонем ҳадди ақал як гардонро дар се ё чаҳор моҳи аввали имсол таҳвил диҳем ва ҳар гардон шомили ҳудуди 31 танк хоҳад буд”. 

Хариди 100 танки ҷангии Леопард-1 барои Укроин 

Каҷа Олонген, вазорати дифоъи Нидерланд дар баёнияе эълом кард, ки ин танкҳо “мустақиман аз саноеъи Олмон” харидорӣ хоҳанд шуд. 

Ӯ дар мусоҳибае бо шабакаи миллии “NOS”-и Нидерланд гуфтааст, ки бо ин ки ин танкҳо, як модели қадимитар аст аммо “қатъан ҳанӯз қобили истифода” барои ҷанг дар Укроин ҳастанд. 

Ба гуфтаи Олонген “ин як танки озмоишшуда аст ва аз он ҷо, ки онҳо дар ҳоли танзим ва омода шудан барои ҷанг ҳастанд, қатъан барои укроиниҳо муфид хоҳанд буд.” 

Шолтс аз “рақобати умумӣ” барои ирсоли силоҳ ба Укроин интиқод кард 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон рӯзи чаҳоршанбе аз он чи ба унвони “рақобати умумӣ” байни бархе кишварҳо бар сари ин ки чӣ касе метавонад силоҳҳои бештар ва беҳтар ба Укроин таҳвил диҳад, интиқод кард ва гуфт, ки ин ба ваҳдати байни муттаҳидон осеб мезанад. 

Шолтс бо ишора ба ҳамкории худ бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар ин тасмим, ба маҷлиси авом Бундестаг гуфт: “мо бо тасмимҳои маҳрамона ва иблоғи онҳо пас аз омодасозии ин инсиҷомро ҳифз ва тақвият мекунем.” 

Ба гуфтаи ӯ “он чи ба ваҳдати мо осеб мерасонад, рақобати умумӣ барои пешӣ гирифтан аз якдигар аст”. 

Бритониё даври ҷадиди таҳримҳои Русияро эълом кард 

Давлати Бритониё дар баёнияе дар рӯзи чаҳоршанбе даври ҷадиде аз таҳримҳоро алайҳи Русия ба далели таҳоҷуми ин кишвар ба Укроин эълом кард. 

Ба гуфтаи Ҷеймс Клеверли, вазири умури хориҷаи Бритониё, таҳримҳои ҷадид алайҳи созмонҳое, ки артиши Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба онҳо такя кардаанд, “фишори иқтисодӣ бар Путинро тасриъ мекунад ва мошини ҷангии ӯро барои кумак ба пирӯзии Укроин тазъиф мекунад”. 

Вашингтон бо фурӯши HIMARS ба Лаҳистон мувофиқат кард 

Иёлоти муттаҳида рӯзи сешанбе эълом кард бо фурӯши 18 сомона ракетандози HIMARS  ба Лаҳистон, ба маблағи 10 миллиард доллар мувофиқат кардааст. Лаҳистон яке аз кишварҳои узви НАТО дар марзи Укроин аст. 

Ожjнси ҳамкории дифоъӣ ва амнияти Иёлоти муттаҳида дар баёнияи матбуотӣ эълом кард Лаҳистон қасд дорад аз ин таҷҳизоти дифоъӣ барои навсозии нерӯҳои мусаллаҳи худ ва густариши тавоноии худ барои тақвияти амнияти дохилии худ ва ҷилавгирӣ аз таҳдидоти минтақае истифода кунад. 

Сомонаи мушакии HIMARS сохти Амрико, як мушакандоз аст, ки бар рӯйи худравҳои зиреҳии сабeк насб мешаванд. Амрико нерӯҳои укроиниро низ ба ин мушакандозҳо муҷаҳҳаз кардааст. 

Зеленский ва Сунак “эъломияи ваҳдат”-ро имзо карданд 

Риши Сунак, нахуствазири Бритониё дар конфронси матбуотии муштарак бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, гуфт, ки кишвараш мутааҳҳид ба ҳимоят аз Укроин аст. 

Сунак дар суханоне пас аз имзои эъломияи иттиҳоди ду раҳбар гуфт, ки Бритониё барномаи омӯзиши низомии худро бо Укроин густариш медиҳад. 

 Бритониё дар шаш моҳи гузашта то кунун 10 ҳазор сарбози укроиниро омӯзиш додааст. Сунак гуфт, ки акнун интизор меравад сарбозони бештаре барои омӯзиш дар Бритониё ҳузур дошта бошанд. 

Ба гуфтаи нахуствазир Бритониё ҷtтҳои ҷанганда “бахше аз гуфтугӯ” дар бораи ҳимоят аз Укроин аст. 

Ӯ гуфт: “ҳеҷ чиз аз рӯйи миз хориҷ нест. Мо бояд Укроинро дар кӯтоҳмуддат мусаллаҳ ва дар баландмуддат тақвият кунем.” 

Русия ба Бритониё дар бораи ирсоли ҷtтҳои ҷангӣ ба Укроин ҳушдор дод 

Сафорати Русия дар Лондон ба Бритониё дар бораи ирсоли ҷетҳои ҷанганда ба Укроин ҳушдор дод ва гуфт, ки чунин иқдоме “авоқиби низомӣ ва сиёсӣ барои қораи Аврупо ва кулли ҷаҳон” хоҳад дошт. 

Рӯзи чаҳоршанбе, Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар як суханроне дар баробари қонунгузорони бритониёӣ аз онҳо хоста буд ҷетҳои ҷангӣ дар ихтиёри ин кишвар қарор бидиҳанд. 

Бритониё ҳанӯз тааҳҳуде барои ирсоли ин ҷетҳо ба Укроин надодааст. Аммо Лондон гуфтааст, ки тайи чанд ҳафтаи дигар омӯзиши халбонони укроиниро бо “ҷетҳои ҷангандаи стандарти НАТО” оғоз хоҳад кард. 

Танкҳои Челленҷер-2-и Бритониё моҳи оянда дар Укроин мустақар мешаванд 

Риши Сунок, нахуствазири Бритониё гуфтааст танкҳои Челленҷер-2-и ин кишвар моҳи оянда дар Укроин мустақар хоҳанд шуд. Сунак дар конфронси матбуотии муштарак бо Зеленский раи ҷумҳури Укроин гуфт: “тими укроинӣ, ки ҳафтаи гузашта вориди Бритониё шуданд дар моҳи оянда аз танкҳои Челленҷер-2 барои дифоъ аз Укроин истифода хоҳанд кард.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *