Дар Шохиси шиносномаҳои ҷаҳон дар соли 2022 мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта якчанд зина беҳтар шуд.
Бино ба рейтинги нашркардаи пойгоҳи , мақоми шиносномаи Тоҷикистон дар мақоми 72-юм ҷо дорад. Дар соли гузаштаи 2021 шиносномаи Тоҷикистон дар қарор гирифта буд.
Мавқеи кишвар дар радабандӣ тибқи шумори кишварҳое, ки шаҳрвандони кишвар ба онҳо бе виза ё бо визаи замони расидан сафар карда метавонанд, муайян карда мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба 26 кишвар бе виза, ба 43 давлат — бо визаи замони расидан ва 129 кишвар — бо гирифтани виза сафар карда метавонанд.
Ӯзбекистон дар зинаи 69-ум қарор дорад. Шаҳрвандони ин кишвар ба 28 кишвар абе виза рафта метавонанд. Шиносномаи Қирғизистон ҳам дар ҳамин мавқеъ қарор дошта, шаҳрвандонаш ба 27 кишвари дунё метавонанд бе виза сафар кунанд.
Шиносномаи Қазоқистон дар ҷойи 56-ум аст ва шаҳрвандонаш ба 38 кишвар бидуни виза метавонанд сафар кунанд. Туркманистон дар мақоми 79-ум қарор гирифта, шаҳрвандонаш бе раводид ба ҳамагӣ 16 кишвар рафта метавонанд.
Рейтинги шиносномаи Русия хеле поин рафта дар зинаи 38-ум ҷо дорад. Шаҳрвандонаш бидуни виза метавонанд аз 78 кишвар боздид кунанд Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш русиягиҳо бидуни виза метавонистанд аз 118 кишвар дидан кунанд.
Зинаи аввалро дар рейтинг Амороти Муттаҳидаи Араб ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид ба 121 кишвари дунё сафар карда метавонанд. Дар зинаи охири рейтинг Афғонистон ҷойгир шудаст. Шаҳрвандони ин кишвар бе раводид ҳамагӣ ба 5 кишвар сафар карда метавонанду халос.