Рубрики Хабарҳо

Пирмуҳаммадзода ба «гуноҳ»иқрор кардааст

Муҳаббатшоҳ Баллаев, вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳогонаи рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик имрӯз, 13 октябр, пас аз шиносоӣ бо парванда ва мулоқот бо зерҳимояаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ба рӯзноманигорон гуфт: “Имрӯз бо парванда шинос шудем. Абдусаттор хабарҳо дар бораи фишору шиканҷа шуданашро рад кард. Ӯ дар асоси моддаи 307 қисми 1 худро пурра гунаҳкор эътироф кард ва гуфт, ки ин эътироф дар пайи шиканҷа нест”.

Ҳамчунин, вакили дифоъи Пирмуҳаммадзода таъкид намуда, ки имрӯз парванда баррасӣ нашуда, танҳо шиносоӣ бо парванда будааст, иттилоъ медиҳад Азия Плюс.

Ҳамин тавр, мурофиаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба рӯзи дигар гузошта шудаву санаи дақиқи баргузории он маълум нест.

Қаблан наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Мурофиаи додгоҳии Пирмуҳаммадзода дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе баргузор шуд, вале бе ҳузури пайвандон.

Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «ҳатто писари калонияшро ба муҳокима роҳ надоданд.»

«Вакили мудофеъ дар бораи оғози мурофиа моро огоҳ карда буд. Шиносномаҳоро гирифта омадем, вале иҷозат надоданд, ки ба дарун дароем,» – гуфтааст яке аз наздиконаш, ки нахост номаш зикр шавад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, аз мушкилоти рӯзмарраи худ шикоят намуд. Дар он навор ӯ гуфт, ки чанд сол дар радиои давлатӣ ба ҳайси журналист кор кардаву бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардааст ва акнун ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Абдусаттор шикоят дошт, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард ва миёни мардум шӯҳрат пайдо намуд.

Чанде баъд аз ин бо пок кардани тамоми наворҳои хеш аз саҳифаҳои иҷтимоияш, Пирмуҳаммадзода эълон намуд, ки кори блогериро қатъ мекунад.

Ӯ дар як мусоҳибаи худ ба расонае гуфт, ки барои фаъолиятҳояш бархе “бузи ҳукумат” гуфтаанд, бархе “хоини миллат” ва бо ҳамин канор рафтани худро аз фазои иҷтимоӣ эълон намуд.

Аммо дертар дубора ба фаъолияти блогерӣ баргашт ва пас аз боздошти Далеру Абдуллоҳ аз камтарин рӯзноманигороне буд, ки ба ҳимояи ин журналистон боҷуръатона садо баланд кард.

Пас аз чанде аввал барои чанд соат боздошт ва бо эълони “охирин огоҳӣ” озод гардид. Вале бо гузашти чанд рӯз Абдусаттор дубора боздошт ва алайҳи ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) айб эълон карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *