Намояндаи САҲА ба мақомоти Тоҷикистон: номи журналистонро аз рӯйхати Бонки миллӣ хориҷ кунед
Намояндаи САҲА оид ба озодии матбуот аз мақомоти Тоҷикистон хостааст номи рӯзноманигоронро аз рӯйхати нафарони алоқаманд бо терроризм ҳазф кунад.
Намояндаи САҲА оид ба озодии матбуот Ҳарлем Дезир имрӯз. 28 март бо ирсоли як нома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, даъват кард номи 14 рӯзноманигор аз “рӯйхати нафароне, ки мехоҳанд ҷиноятҳои ҷиддӣ, аз ҷумла пайвастан бо террористон анҷом диҳанд” хориҷ карда шаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати афроди моил ба судури ҷиноёти вазнин, аз ҷумла алоқамандӣ бо террористонро васеъ кардааст. Айни ҳол дар он асмои 1372 нафар зикр шудааст, ки байнашон ҳади ақал 14 журналист ва блогнавис ҳузур доранд.
“Маро қарори Бонки милии Тоҷикистон оиди васеъсозии рӯйхат, ки номи мутахассисони васоити ахбори омма низ дар он фаро гирифта шуда, нашр гаштааст, сахт нигарон мекунад. Ман дар таъаҷҷубам, ки журналистон ба ин рӯйхат ворид шудаанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ далоиле бар ҷиноёти онҳо нест” — гуфтааст Дезир.
“Интишори номи журналистон дар ин рӯйхат амнияти онҳоро зери хатар мебарад ва ворид шуданашон ба ин гуна рӯйхатҳо ҳақи эҳтимолияти беуноҳии онҳоро нақз мекунад” — гуфтааст ӯ.
Намояндаи САҲА оид ба озодии матбуот воқеъиятҳои васоити ахбори оммаро дар 57 кишвари узви САҲА ба қайд мегирад. Ӯ аз нақзи озодии баён ва озодии васоити ахбори омма пешакӣ огоҳ мекунад ва дар риояи муқаррароти САҲА оиди озодии ВАО кӯмак менамояд.